Аҳмадзода: Ҷомеа бидуни фаъолияти журналистон тасаввурнопазир аст (САДО)
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, ҳаёти сиёсию фарҳангӣ, иқтисодӣ ва маърифатии ҷомеаро бидуни фаъолияти журналистон тасаввур кардан имкон надорад.
Ӯ ин нуктаро баъд аз зуҳри имрӯз, 10 март зимни як ҳамоиш бахшида ба Иди матбуоти тоҷик дар маркази вилояти Суғд иброз дошт.
Шаҳрдори Хуҷанд журналистон ва кулли алоқамандони ВАО-ро бо иди касбӣ, рӯзи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ шодбош гуфта, изҳор дошт, “имрӯз ҳаёти сиёсию фарҳангӣ, иқтисодӣ ва маърифатии ҷомеаро бидуни фаъолияти шумо, қаламкашон тасаввур кардан имкон надорад, зеро нашру ривоҷи муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навигариҳои тамоми олам, аз ҷумла, кишвари мо, бо кушишу заҳматҳои маҳз шумо ба ҷомеа пешниҳод мегардад”.
Бархе нукоти суханронии Раҷаббой Аҳмадзода
Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи баромадаш ба ҷанги иттилоотӣ низ ишора карда, афзуд, "маълум аст, ки дар ҷанги беамон ва тезу тунди иттилоотӣ пирӯзӣ насиби он мегарадад, ки қалами тез ва дониши пурвусъати худро огоҳона бар манфиати миллии кишвар ба кор мебарад.
Дар поёни суханронии худ, шаҳрдори Хуҷанд гуфт: “Матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум аст. Аз ин рӯ, бори дигар алоқамандони матбуоти даврӣ, хонандагони восоити оммаро бо ин санаи муборак - Рӯзи матбуоти тоҷик, табрику таҳният гуфта, барояшон тандурустӣ, созандагӣ, ваҳдату ягонагӣ орзу мекунам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |