Суҳбати дипломатҳои тоҷику чинӣ дар бораи соҳибихтиёрӣ
Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Чин бо Чэн Гопин, муовини вазири умури хориҷии ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, дидори Олимов бо Чэн Гопин рӯзи 9 март дар шаҳри Пекин баргузор шуда, дар он сатҳи феълӣ ва рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда баррасӣ шудааст. Инчунин дар вохурӣ дипломатҳои тоҷику чинӣ ба зарурати талошҳои қотеъ ҷиҳати таъмини соҳибихтиёрӣ таъкид карда, дар бораи баъзе аз манофеи бунёдии дигари ду кишвар суҳбат кардаанд.
Муовини вазири умури хориҷии Чин дар идома иштироки намояндагон кишварашро дар Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт”, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, таъйид карда, пирӯзии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи парлумонии якуми мартро табрик гуфтааст. Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки “мардуми меҳнатдӯсти тоҷик дар оянда низ таҳти раҳбарии раисҷумҳури худ барои рушду пешрафти Ватанашон талош хоҳанд кард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |