Бахшҳо

Дигар ҳатто парандаҳо дар дарахтони деҳаи мо лона намегузоранд

Фаррух Сафопур, бостоншиноси ҷавон унвонии “Озодагон” матлабе фиристода ва дар он аз мушкили беобии бархе рустоҳои водии Вахш нигаронӣ кардааст. Ӯ дар ин матлаб аз ҷумла мегӯяд, “деҳаи Сарбанд дар фосилаи тахминан 2 км-рии соҳили рости рӯди Вахш қарор дошта, аҳолии он зиёда аз 500 хоҷагӣ мебошад, ки обро барои ошомидан, сохтмон, чорво ва дарахтон харидорӣ мекунанд. Агарчи аҳолии деҳоти ҳамсоя равған, орд, либос ва дигар лавозимоти рузгорро харидорӣ кунанд, аҳолии деҳаи мо бар иловаи онҳо сабзиҷот, меваҷот ва ҳатто обро харидорӣ мекунанд. Як мошин об, ки тақрибан чор тоннаро дар бар мегирад аз 40 то 50 сомонӣ мебошад”.

Ҳоло ин матлаб ба шакли комил нашр мешавад


"Яке аз боигариҳои табии кишвари азизамон дарёҳо, кулҳои табии, сунъӣ ва чашмаҳои мусаффои он мебошад, ки аз нигоҳи захираҳои обӣ бойтарин кишвар дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар ҳудуди хеш 947 дарё, 2000 кӯл ва 8000 чашмаҳо дорад, ки дарозии рӯдҳо на камтар аз 10 км мебошанд. Муҳимтарин дарёҳои он - Панҷ, Вахш, Амударё, Сирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон мебошанд, ки дар баландии кўҳҳо маншаъ гирифта, аз обҳои пиряхҳо сероб мешаванд.

Давлати Шӯравии собиқ ҳар сол зиёда аз 50 ҳазор тонна пахтаи маҳинахро аз кишвари Миср бо қиммати баланд харидорӣ мекард. Хариди пахтаи маҳинах бо арзиши гарон барои Шуравӣ чандон муфид набуд ва аз ин лиҳоз мутахассисони соҳаи кишоварзиро ба саросари кишвар сафарбар кард, то таҷриба кунанд, ки ин навъ пахтаро дар кадом минтақа метавон кишт кард. Хушбахтона мутахассисон ба натиҷа расиданд, ки беҳтарин навъи пахтаи маҳинахро дар водии Вахш - ҷануби Тоҷикистон метавон парвариш кард. Ҳукумати Шӯравӣ солҳои 30-юми асри гузашта беҳтарин мутахассисон, техника ва пули зиёди он вақтро барои ободӣ, обёрӣ ва роҳсозии водии Вахш ихтисос дод. Барои кишти пахтаи маҳи нах дар водии Вахш роҳҳо, каналҳо ва шаҳру деҳоти зиёд сохта шуду заминҳои фаровонеро обёрӣ намуданд. Ободии ҷамоати Бандар (Қизилқалъа) низ дар он солҳо оғоз шуда буд, ки имрӯз дар ҳудуди худ деҳоти зиёде дорад. Яке аз онҳо деҳаи Сарбанд мебошад, ки дар бахши шимолии ҷамоъат ҷойгир аст.

Ин деҳа солҳои 60-70-уми қарни сипаришуда бо роҳбарии Сафоев Амирқул обод шудааст. Деҳа дар баландии тақрибан 40 м аз сати ҷараёни рӯди Вахш ҷойгир шудааст, ки имрӯз дар он зиёда аз 500 оила зиндагӣ мекунанд. Обёрии он тавассути ду насос ба роҳ монда шудааст, ки яке дар зери деҳа ва дигари дар дохили деҳа сохта шудаанд. Дар назди насоси аввалӣ се ҳавзи калони захираи об канда шудааст, ки шохобе аз рӯди Вахш омада онҳоро сероб мекунад. Пас аз пур шудани ҳавзҳо насоси аввалӣ обро ба як бахши деҳа ва ба насоси дувуми мерасонад, ки насоси дувуми онро ба тамоми деҳа паҳн мекунад.

Солҳое, ки ман бача будам дар ҳамаи кӯчаҳои деҳаи мо ҷӯйи об равон буду дар лаби ҷӯй дарахтони зиёде вуҷуд дошт, ки кӯчаҳоро соябонӣ мекарданд. Парандаҳои зиёде дар дарахтони деҳа лона гузоштаву бо садоҳои дилнишинашон нағмасарои мекарданд, ки бошандагони деҳа аз садоҳои гуногуни онҳо лаззат мебурданд. Сокинони деҳа дар ҳавлиҳои хеш сабзиҷот, пиёзу картишка, мошу лубиё, ҷаврию гандум мекоштанду соҳиби дарахтони мевадиҳандаи фаровоне буданд. Мардум зиндагии орому осудае доштанд ва ҳар зироъате, ки мехостанд, мекоштанд. Аммо ин зиндагии орому фаровонӣ дер давом накард, Шуравӣ пош хурд, ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуду мардум парешону саргардон шуданд. Пас аз анҷоми ҷанги дохилӣ, насосҳои деҳа обод мондаву фаъолият мекарданд, вале хеле куҳнаву фарсуда буданд. Баъди гузашти чанде насосҳо аз кор монданду солҳо фаъолияташон қатъ гардид. Аҳволи беобии мардуму заминҳо ва дарахтон то соли 2010 идома пайдо кард, ки бо ташаббуси Одинаев Холмурод ва сармоягузории кадом кишвари хориҷӣ, насосҳо таъмир шудаву ба кори дубора оғоз намуданд. Аммо фаъолияти насосҳо тақрибан моҳе идома ёфту дубора хароб шуданд, чун онҳо хеле куҳнаву фарсуда буданд. Аз солҳои пеш ва баъди соли 2010 инҷониб аҳолии деҳа оби ошомиданӣ ва мавриди ниёзе хешро мехаранд.

Қобили ёдоварист, ки деҳаи Сарбанд дар фосилаи тахминан 2 км-рии соҳили рости рӯди Вахш қарор дошта, аҳолии он зиёда аз 500 хоҷагӣ мебошад, ки обро барои ошомидан, сохтмон, чорво ва дарахтон харидорӣ мекунанд. Агарчи аҳолии деҳоти ҳамсоя равған, орд, либос ва дигар лавозимоти рузгорро харидорӣ кунанд, аҳолии деҳаи мо бар иловаи онҳо сабзиҷот, меваҷот ва ҳатто обро харидорӣ мекунанд. Як мошин об, ки тақрибан чор тоннаро дар бар мегирад аз 40 то 50 сомонӣ мебошад. Фарз кунем, ки як оила сари моҳе як мошин об бихарад, пас 500-ро бо 50 зарб кунем ҳосилаш 25000 ҳазор сомонӣ мешавад. Бо ҳисоби миёна ҳар моҳ аҳолии деҳа дар ҳудуди 25000 сомонӣ фақат об мехаранд, ҳол он ки хоҷагиҳои чорводор ҳадди ақал сари моҳе ду се мошин об мехаранд. Бояд зикр кард, ки шахсе агар мехоҳад хона бисозад бар иловаи тамоми масолеҳи сохтмонӣ, бояд 10-15 мошин об бихарад, ки аз 500 то 750 сомонияш барои хариди об масраф мешавад. Солҳост, мардум обро мехаранд, оби харидаро худ бинушанд, либос бишӯянд, ба чорво ё ба дарахт бидиҳанд? Чунончи гуфтем аксари дарахтони деҳа хушк, парандаҳо дур шудаанду замбуракҳо ва шоҳпаракҳо низ ташнаи обанд. Як нуктаро бояд ишора кунам, ки аҳолии деҳа чандин сол аст ин ҳоли сахту сангинро таҳаммул мекунанд, аммо дилам ба кӯдакони ин диёр месӯзад. Чун онҳо даврони тилоии зиндагияшонро на бо оббозӣ, балки бо обкашонию хокбозӣ мегузаронанд ва аз оддитарин сабзиҷот ба мисли гашничу пиёз, редискаву турб, караму бодрангу помидору ғайра маҳруманд.

Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои обӣ, бойтарин кишвар дар минтақа маҳсуб мешавад, руди Вахш бошад ба таги биниямон ҷорист, пас мо ва заминҳову дарахтони мо бояд то кай ташна биншинем? Оё давлати мо имруз иқтидори ду насосро таъмир ва дубора чархондан надорад ё аслан ба ҳукуматдорон фарқ намекунад, ки мардум бо чи ранҷу заҳмате зиндагияшонро пеш мебаранд?

Ба унвони як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳукуматдорони феълӣ ва афроду ашхоси марбутаи мамлакат хоҳиш мекунам, ки ин масъалаи муҳиму ҳаётиро пайгири намуда чораи он бечорагон бошанд".
Мӯҳр
Darvesh
Rahmat bar Padarut! Mo bovar dorem ki hami ruz Janobi Oli az pai hamin kor meshavand! 1 Jahon Tashakur!

Об дар кузаву мо ташналабон мегардем
Ёр дар хонаву мо гирди ч,ахон мегардем..

Шукрона кунед, ки чунин мамлакати ободу зебо доред............!!!

бале бояд шукронаи ин миллат шукронаи ин ҳукумат кард ин ки обро ҳам метонед бо пул бихаред бояд шукрона кард агар пул намедошттед чи кор мекардед????? бояд шукрона кард, бояд.

шахрванд
хамон 25000 сомонии як мохатона чам кунед 4 насоси нав бо моторхояшон мешавад, ки хар кадоми онхо дар як соат 60-тонна об качат мекунад

Посух ба "шаҳрванд" и гиромӣ, аз муаллиф, яъне Фаррух Сафопур.
Як матали тоҷики ҳаст, ки мегуяд: "Таги коса нимкосае ҳаст", яъне бояд як розро бароятон ошкор кунам, ки дар минтақа ва хусусан деҳоти мо обфурушӣ низ мубаддал ба як бизнес шуда аст. Бархе аз тавонмандони деҳа мошинҳои обкашони харидаанду ба мардум об мефурушанд, ҳол агар бархе аз бошандагони деҳа иқдом кунанд, ки аз мардум пул ҷамъ карда насосҳоро дубора тахмир кунанд, онҳо мамоният эъҷод мекунанд, чун тиҷораташон эҳтимол суқут каданро дорад.

ахолии ин деха бесавод будаанд намешавад ки 500 оила 200 сомониги чаъм кардаву ин насосхоро таъмир намоянд дар инкадар пул мешавад ки хама чизро аз нав харидори намоянд.

Содик,
Бародар Содиқ! Аввал ин ки Шумо ҳуқуқ надоред аҳолии як деҳаи бузургро бесавод биномед, дуюм ин ки аз асли қазия огаҳ намебоши аз дур ҳарфи дур аз ақлу мантиқ назанед.
Darvesh,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)