Тутубалина: Зиёиёне дорем, ки ҳеч гоҳ сар хам намекунанд...
Нашрияи маъруфи бритониёӣ -- “Гардиан” рӯзи 8 март дар матлабе дар бораи ҳаёти занони собиқ Шӯравӣ, Олга Тутубалина, рӯзноманигори маъруфи Тоҷикистонро дар қатори қаҳрамони худ қарор додааст.
Нашрия мегӯяд, Тутубалина, модари 36-солаи танҳо, ҳанӯз солҳои мушкили 2000-ум ба журналистика пайвастааст ва феълан яке аз рӯзноманигорони ҷасуртарини Тоҷикистон мебошад. Ба навиштаи “Гардиан” баъди он ки ҳукумати Тоҷикистон хатари қумандонҳои ҷангиро бартараф кард, вақтҳои охир ба маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳо пардохта, фазои кории аҳзоб ва баҳсҳои сиёсиро тангтар кардааст: “Ҳукумати Тоҷикистон сол аз сол нисбат ба танқид бетоқаттар шуда истодааст ва феълан бе ягон шарҳ садҳо сомона дар ин кишвар масдуд мебошанд”.
Нашрия инчунин бохти Тутубалинаро дар баҳси додгоҳӣ бо намояндаҳои зиёиён зикр карда, дар ин бора аз қавли ӯ овардааст, “ин як шоу аст. Дар низоми авторитарӣ ҳамеша коргардону масхарабозон вуҷуд доранд. Муҳим он аст, ки дар низоми носолим, ҳанӯз ҳам зиёиёни воқеии бовиҷдон, хоксор ва мутахассисони касбии созишнопазир ҳастанд, ки дар ягон вазъ сар намефуроранд ва чизе ҳаст ҳамонро мегӯянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |