Вохурии Путину Лукашенко бо Назарбоев дар Остона
Раҳбарони се кишвари пасошӯравӣ, Русияву Беларусия ва Қазоқистон барои анҷоми мулоқоти сеҷониба дар шаҳри Остона гирдиҳам меоянд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қазоқистон, ин вохурии Нурсултон Назарбоев бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларусия рӯзи 13 март дар Остона баргузор хоҳад шуд.
Интизор меравад, президентҳои Русияву Беларусия ва Қазоқистон дар ин мулоқот ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории се кишвар ва раванди рушди иқтисодии ҷаҳонро баррасӣ карда, вазъ дар Украинаро низ ба баҳс кашанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |