Ҳамоиши руҳониёну раҳбарони шаҳру навоҳӣ бо даъвати РУД дар Суғд
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз баргузории як конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот” хабар дода, аз сокинони шаҳру навоҳии вилоят хостааст, фикру андешаҳои худро дар ин мавзӯъҳо баён созанд.
Тавре аз РУД-и вилоят ба “Озодагон” гуфтанд, конфронси мазкур 16 марти соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ба кори худ оғоз хоҳад кард ва ҳадафи он “зери назорати доимӣ қарор додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ аз гаравидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ки имрӯзҳо аз таъсири муҳоҷират рӯ ба афзоиш дорад, таҳлилу омӯзиши сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда ва андешидани чораҳои мушаххас дар ин самт” мебошад.
Қарор аст, дар ин ҳамоиш намондагони мақомоти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ, минтақа ва ноҳияҳои Рашт, раисони ҷамоатҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти қудратӣ, намояндагони маркази тадқиқоти стратегии назди Президент, Шӯрои уламо, профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ширкат варзанд.
Ин ниҳод аз сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд даъват кардааст, дар пешниҳоди фикру мулоҳиза ва дархостҳо фаъол бошанд: “То санаи 14 марти соли 2015 фикру мулоҳиза ва дархостҳо ба телефони боварии РВКД дар вилояти Суғд (83422) 6-22-22 қабул карда мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |