Шурӯи Намоишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар Кохи Борбад
Имрӯз, 10 март дар Кохи Борбади Душанбе Намоишгоҳи байналҳалқии Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард.
Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ ба “Озодагон” гуфт, дар он корхонаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон маҳсулот ва молҳои худро пешниҳод менамоянд. Ба қавли манбаъ, намоишгоҳ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати “Суруш”-и Эрон ба муносибати 55-солагии ниҳоди онҳо бахшида мешавад.
“Дар ин намоишгоҳ 56 ширкати тавлидотии Афғонистон, 16 ширкати Эрон ва ширкатҳои зиёди Тоҷикистон иштирок менамоянд”,-афзуд хонуми Рустамова.
Намоишгоҳи байналҳалқии Тоҷикистон то 14 марти соли ҷорӣ идома хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |