Бахшҳо
10 мар 2015 10:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

ХБА: Фишор болои сомонӣ зиёду воридоти асъор кам мешавад

Хазинаи байналмилалии асъор ҳушдор додааст, ки дар соли 2015 интиқоли маблағ аз хориҷ ба Тоҷикистон ҳудуди 30 дарсад, ё худ беш аз як миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт.

Айдин Бибилов, масъули ин ниҳод дар Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон зикр намудааст, ки маблағҳои интиқолӣ бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва барои ҳимояти молии мардум, хариди молу хизматрасонӣ ва зиёд намудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мусоидат мекунанд: “Бинобар ин дар соли 2015 метавон коҳиши рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва зиёд шудани фишор болои пули миллӣ-сомониро интизор шуд, ки феълан низ ҷой дорад”.

Намояндаи ХБА таъкид намудааст, ки воридоти маблағ аз хориҷ таъминкунандаи асосии бозори нақди кишвар бо асъори хориҷӣ маҳсуб меёбад ва маҳз коҳиши интиқоли маблағ аз хориҷ боиси ноустувории сомонӣ шудааст. Бонки миллӣ ахиран барои устувор нигоҳ доштани қурби пулли миллӣ ба бозори нақд бо нархҳои арзон асъори хориҷиро ворид намуд, вале ба гуфтаи коршиносон ин тадобир натиҷаи дарозмуддат нахоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои Бонки миллӣ дар соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағ аз хориҷ 3,9 миллиард долларро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли 2013 8,3% ё 300 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Ин ниҳод мегӯяд, аз ҳаҷми умумии маблағе аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, қариб 90 фоизашро рубл ташкил медиҳад: “Аз ҳаҷми умуми маблағҳое, ки аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурии мо ворид шудаанд, 89,1 фоизро рубли русӣ, 10,8 фоизро доллари ИМА ва 0,1 фоизро Евро ташкил медиҳад”.

Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки коҳиши бесобиқаи нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва таҳримҳои сиёсию иқтисодии давлатҳои Ғарб нисбати Русия ва таъсири онҳо ба паст шудани суръати рушди иқтисодиёт, кам гардидани ҷойҳои корӣ дар ин кишвар ва беқурбшавии ниҳоят зиёди қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА оварда расониданд: “ Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, қисмати зиёди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар кор мекунанд ва онҳо тавассути бонкҳо, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ бо рубли русӣ маблағи зиёд интиқол медиҳанд”.
Мӯҳр
Агар бо рохи зурию мачбури иктисодиётро пеш бурда мешуд, холо дар кисмати зиёди чахон давлатхои беш ба пешравихо ноил мегаштанд. Дар давлате, ки кисмати воридоти аз содироти даххо маротиба зиёд аст, окибати молиявии он ба муфлисшави оварда мерасонад. Бахонаи тахримхои иктисодии Руссия ва паст гардидани нархи нафти чахони гуфта гаштан лозим несту, холати истехсоли ва содиротии давлатро пеш бурдан зарур аст. Хар сол богхои бисёр кардестему мевахои Чин ва дигар давлатхоро истеъмол кардестем, заминхои хуби киштро барои сохтумони хонахои истикомати, магозахо ва нуктахои фуруши сузишвори таксим намуда, картошка ва пиёзи Покистонро ворид намудестем. Аз хамин объектхои сохмонии хариду фуруш маълум мегардад, ки маблагхои воридоти низ берун аз чумхури баромада меравад, чунки ба кудак маълум аст, ки ин махсулотхо дар дохил истехсол намешавад.

Мо ахли оила як гектор замини сахм дорем. Пештар барои як гектор хамаги 622 сомони ва барои об 180 сомони, дар умум 800 сомони пардохт мекардем. Бо супориши раиси вилоят имсол хама хочагихои дехкони ба хочагихои инфроди таксим карда шуданд. Акну дар як гектори мо 12 нафар сахмдорро ба расмият дароварданд, ки ман мачбурам ба хар яки онхо мохе дах сомони, ва дар як сол 120 сомони пардохт намоям. 12*120=1440 сомони. Бар болои ин пули андози замин ва об 800 сомонии дигар зам мешавад. Яъне ман минбаъд барои як гектор замин дар як сол ба чойи 800 сомони 2240 сомони пардохт менамоям.
Вакте ин кадар маблаг месупорам на кишт карда метавонаму на хосил гирифтан. Пас ба фикри Шумо аз кучо бояд содирот шавад? Ба чойи он ки андозхоро кам кунанд, хар сол онро боло бурда истодаанд, пас чи гуна дехкон дар замин кор карда хосил гирад. Дехкон чуз аз замин даст кашидан чораи дигар надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)