Бахшҳо

"Одамкушӣ" иттиҳоми нав алайҳи раҳбари бозори "Назари нек" (ВИДЕО)

Дар парвандаи ҷиноии раҳбар ва муҳофизони бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду моддаи дигар зам шудааст. Рустамҷон Ҷӯраев, Бобурҷон Юсуфов ва Аҳлиддин Файзиев дар латту кӯби ду ноболиғ, ки сабаби марги яке аз онҳо шуд, муттаҳам мешаванд.

Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии вилояти Суғд 10 март ба “Озодагон” гуфт, қаблан нисбат ба ин афрод бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки бо марг анҷомид”, павранда боз гардида буд: “Дар рафти тафтишот дар робита ба ин қазия боз ду моддаи дигар 104, қ. 2 – “Одамкушӣ” ва 112, қ. 2 – “Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ”, зам гардидааст”.

Мақомоти пулиси вилояти Суғд моҳи январ аз ҳалокати як ноболиғ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дода гуфтанд, ӯ дар пайи латту кӯби директор ва муҳофизони бозори “Назари нек” ҷон додааст. Манбаъ гуфт, тахминан соатҳои 01:30-и 15 январи соли ҷорӣ ноболиғон Эраҷ Исоеви 16-сола ва Зиёдбек Ҷӯраеви 17-сола, хонандаҳои мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои “Сабрина”, воқеъ дар бозори “Назари Нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд: “Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огаҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтодан, ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд".

Ба гуфтаи пулис, директори бозори “Назари Нек” Рустамҷон Ҷӯраеви 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор Бобурҷон Юсуфови 29-сола ва Аҳлиддин Файзиеви 37-сола, ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмассӣ онҳоро зери латту кӯб қарор додаанд: “Дар натиҷа, ноболиғ Зиёдбек Ҷӯраев, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст”.

Рустам Ҷӯраев, директори бозори “Назари Нек” дар барномае тавассути телевизиони "Симои мустақили якуми Хуҷанд" ба гуноҳи худ иқрор намуда, изҳор дошт, ин амал барқасдона не, балки тасодуфӣ анҷом шудааст ва фикр мекарданд, ин ду ноболиғ дузди ҳирфаӣ мебошанд: “Худамонро идора карда натавонистем ва ҳама каса онҳоро латту кӯб кардем. Аз ин кори кардаи худ сахт пушаймон ҳастем.”


Мӯҳр
Садкаи номи хочи шав! Дар Куръони карим омадааст, ки сари ятимро сила куни, чоят чаннат аст. Ин чи маъно дорад " Касдан расонидани зарари САБУК ба саломати, вакте, ки ин ятимро мекушанд? Дастат шиканад! Пулата гириву, ба дасташ чор танга дихи намешавад?

харидор
Ин рустамчуча на рустамхочи 40сол хукм додошавад тамоми моликияташро ба интернат гузаронидашавад

Хар ки хандонад ятими хастаро
Боз ёбад чаннати дарбастаро......
Акси ин гуфтахо насиби ин беинсофон бод.

Mawlon
Мо шо Аллох! Худо хамингуна милисаи мо баркароркунандаи адлу кафили амну субот бошад. Худо рахмат кунад ин ятимони бечораро.

О магар дар хамон бозор ягон пулис ë шердиле пайдо нашуд ки пеши рахи ин котилонро гирад. Наход кудаки бечораро инхел лату куб куни чашмгурусна барои 2 танга. Инро хабс не назди чаллод бурдан лозим.

Муслим
Худашонро бомаданият мегиранд, лекин маданиятро дар ин минтака бо занчир банди хам намеистад.

Умия
Инчо низ аллакай буи коррупсия аз чониби экспертхо ва духтурон ба машом мерасад. Ин кадар зарба дар сари Исоев ва бистарии гардидани у дар беморхона - зарари сабук ба саломатӣ баходихи шудааст. ШАРМАНДАГИ.

Муслим,
ай худт ед грифтагиян албат! бемаданиятиро!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)