Бахшҳо

Ҷаласаи кории Убайдуллоев дар рӯзи истироҳат ва дархост аз додситони нав

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз Хайрулло Саидзода, додситони нави пойтахт хостааст, фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори деҳқон” ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Шанхай-бозор”-ро ба таври касбӣ таҳқиқ кунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин дархости Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 9 март, ки ба рӯзи истироҳат рост меояд, сурат гирифта, Хайрулло Саидзода муваззаф шудааст, тамоми имконият ва ваколатҳое, ки қонунгузорӣ ба мақомоти додситонӣ муқаррар намудааст, ҷиҳати “беш аз ҳарвақта таъмин намудани волоияти қонун дар пойтахт” равона созад.

Инчунин шаҳрдори Душанбе аз додситони нави пойтахт хостааст, назорати истифодаи мақсадноку таъинотии қитъаҳои замин аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ, пешгирӣ аз ғасби замин ва сохтмонҳои ғайриқонуниро пурзӯр намояд ва алайҳи шаҳрвандоне, ки дар самти заминистифодабарӣ нисбати муқаррароти қонун беэътиноӣ зоҳир намуда, ба ҷиноятҳои такрорӣ даст мезананд, чораҳои муассири қонунӣ андешад: “Фаъолияти масъулини мақомоти зидахли назорати давлатӣ, ки бинобар хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматияшон ба бунёди сохтмонҳои ғайриқонунӣ боис мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифта шавад”.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, ҳадаф аз ин дархост ва дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев “ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии соҳибкории ватанӣ” мебошад. Убайдуллоев Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Душанберо низ вазифадор кардааст, фаъолияти худро дар самти назорати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави пойтахт пурзӯр намояд. Ӯ инчунин дар робита ба масоили марбут ба иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андоз, мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба таъини ғайриқонунии нафақаҳои маъюбӣ ба шаҳрвандон, сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дар шаҳр ва роҳандозии ҳамаҷонибаи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни Наврӯз дастур додааст.
Мӯҳр
Икром
Убайдуллоев нисбати ту эхтиром доштам то вакте ки амиршоеват депутат шуда точиконро тахкир кард..

h
Pensiya bra ba obru mardak. KHVATIT.

Вакил
Хамин масалаъи сохтумонхои гайриконуни кариб аз 10 сол зиёд ки гох пайдо мешавад гох фаромуш. Аммо хеч халли худро наёфт, сабаб он аст, ки макомот ичрояшро то охир назорат намекунад, дар ин хам шиносбозиву фасоди садди рох мешаванд. Хамон гараж, панчара гирифтани бинохои бисёрошёна ва ба хавли табдил додани онхо, дигар иморатхои гайриконуни дар аксари холат бо пуштибонии макомдорон хукумати бунёд шудаанд ва боз бо занги ин пуштибонхо ва сохибонашон химоят мешаванд. Агар аз дили соф мехохед Душанберо аз кишлок боз ба шахр гардонед, худи райси шахр бояд хар махалаи шарро бинад, вазифа гузорад ва назорат кунад. Набошад боз 10 соли дигар ин масалаъ хеч хал намешавад.

Шумо вокеан хам хизмат кардед, лекин организм пулодин нест, саломати аз хама чиз киматтар мебошадю.

дар рузи кори корнамекунанд дар истирохат о сарфа кори меган хамируз чикадар куваи барк бе хечи сарф шуд аз онда шахра аз 225 чои ба пеш барорен аз чихати тозаги ва дигар шароитхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)