Бахшҳо

Латту кӯби Иззат Амон додгоҳӣ шуд: То Аврупо даъво мебарам...(ВИДЕО)

Иззат Амон, роҳбари минтақавии созмони мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони Ҷамъияти ҳуқуқи инсон дар Русия аз ҷониби посбонҳои Маркази нигоҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷии раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷирати (РХФМ) шаҳри Маскав дар минтақаи Сахарово латту кӯб шудааст.

Хабарнигори “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ бо Иззат Амон дар мавриди чигунагии рух додани ин ҳодиса суҳбате анҷом дод.

“Озодагон”: Мо аз шунидани ин хабар бисёр нороҳат шудем ва умедворем, ки ба сиҳати Шумо зараре нарасида бошад?

Иззат Амон: Ташаккур! Бисёр хуш шудем, ки Шумо бародарони рӯзноманигор дар ин вазъият ҳоли моро мепурсед. Шукри Худо зарари ҷиддие натавонистанд ба мо бирасонанд.

“Озодагон”: Ин ҳодиса чӣ гуна рух дод? Ва чаро Шуморо лату кӯб карданд?

Иззат Амон: Ба мо хабар расид, ки шаҳрванди Тоҷикистон Қобилшо Зарипов, ки 52-сола асту бештар аз 2 моҳ мешавад дар ин Марказ нигоҳдорӣ мешавад вазъи баде дорад ва гурдаҳояш аз кор мондаанд. Ба мо касоне хабар доданд, ки бо ӯ дар як ҳуҷра нигоҳдорӣ мешуданд ва аз фурудгоҳ имкон ёфтаву ба мо занг заданд. Гузашта аз ин рӯзи 6-уми март мурофиаи додгоҳии Фаррух Раҳимов буд, ки бидуни ҳеч асосе аз Русия ихроҷ шуда буд. Ман бояд аз ӯ ваколатнома гирифта, ба унвони вакил ҳуқуқи ӯро дар додгоҳ ҳимоя мекардам.

Озодагон: Баъдан чӣ шуд?

Иззат Амон: Ба ин Марказ омадем. Ҳудуди 4 соат мунтазир мондем, то моро иҷоза доданд, ки ба дохил ворид шавем. Баъди ворид шудан боз 2 соати дигар дар дохил мунтазир мондем. Гуфтанд ба номи раиси Марказ ариза нависед. Навиштем. Баъди чанде як нафар омаду гуфт, ки Шумо наметавонед бо зерҳимояатон дидор кунед ва сабабшро ҳам нагуфтанд. Баъди чунин муносибат як каме суҳбатамон боло рафт. Ҷонишини раиси Марказ ба ман гуфт, ки аз дохили бино берун шавам ва дар куча мунтазири посух бошам. Ман гуфтам, ки берун намераваму дар ҳамин дохил мунтазири ҷавоб мемонам.

Озодагон: Пас, Шуморо иҷборан берун карданд?

Иззат Амон: Бале, ӯ пулисҳоро даъват карду маро иҷборан берун бурданд. Чор нафар пулис дастҳоямро ба пушт тоб додаву аз ин боздоштгоҳ берунам карданд. Замони ба берун бурдан дастҳоямро ба пушт бастанду ба шикаму пушту гурдаҳоям лагад заданду кӯфтанд. Аксҳое ҳам аз ин кашокашашон гирифта будам, ки иҷборан аз телефонам онҳоро пок карданд. Баъдан ба беморхона рафтам, ҷойҳои сиёҳшудаи баданамро акс гирифтам. Санади духтурро ҳам дар бораи расондани зарар ба саломатиям дарёфт кардам.

“Озодагон”: Аз ин қазия ба додгоҳ ва ё кадом ниҳоди дигар шикоят бурдед?

Иззат Амон: Ба додгоҳи ноҳияи Замоскворетски Маскав, ки ин Маркази РХФМ дар ҳудуди ин ноҳия ҷойгир аст, ариза навиштам ва санади беморхонаро низ таҳвил додам. Ҳамчунин ба додситонии шаҳри Маскав ҳам аз РХФМ шикоят бурдам.

“Озодагон”: Бар асоси таҷрибаҳо умедвор ҳастед, ки ин қазия мунсифона баррасӣ мешавад?

Иззат Амон: На, ростӣ умедвор нестам, зеро низом ҳамин гуна сохта шудааст. Режим ҳеч гоҳ ба хотири як тоҷик нафарони худашро пурсуҷӯ нахоҳад кард. Чун тоҷику тоҷикистонӣ ин ҷо мисли як мурча ҳам қадр надорад. Фарзан, агар ҳамин корро бо як вакили қирғиз ва ё озарӣ мекарданд, рӯзашонро медиданд. Вале ман тоҷикаму дар Ватанам қадр надорам ва инҳо ин ҳолро медонанд.

“Озодагон”: Аз ҷомеаи маданӣ ё созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон касе аз Шумо ҷонибдорӣ накард?

Иззат Амон: Аз Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди дастгоҳи раисҷумҳури Русия ба ман занг заданд. Ваъда карданд, ки ба ин қазия то ба охир расидагӣ хоҳанд кард. Бештари сомонаҳои русӣ ҳам ин ҳолатро бозтоб намуданд. Хеле вакилони дифоъ ҳам аз Ҷамъияти ҳуқуқи инсон барои аҳволпурсӣ занг заданд.

“Озодагон”: Аз Сафорати Тоҷикистон ё консулгарӣ ба қазияи Шумо таваҷҷуҳе шуд?

Иззат Амон: Мутаассифона, ҳатто занг ҳам назаданд.

“Озодагон”: Ба фикри Шумо чаро Сафорат ва ё консулӣ вокунише накарданд ё занг ҳам назаданд?

Иззат Амон: Зеро сафорату консулӣ аз ҳимояи шаҳрвандони тоҷик дар ин кишвар метарсанд. Барои ин ду ниҳод манфиатҳои шахсӣ болотар аз манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва манофеи миллату давлат мебошад. Агар, заррае дилашон ба ин миллат месӯхт, рафта аз ҳоли зору мустаманди 500 нафар бошандагони тоҷики ин Марказ хабар мегирифтанд.

“Озодагон”: Худи Шумо то куҷо барои ҳимояи шараф ва ҳуқуқатон талош хоҳед кард?

Иззат Амон: Ман то додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо талош хоҳам кард. Зеро режиме, ки дар ин марказ фаъол аст бадтар аз режими Гуантанамо мебошад. Мақсади ман ҳам гирифтани қасос нест, балки беҳтар кардани вазъи будубоши ихроҷшудагон аст. Аммо бубинед, ки ин субҳ (07.03.2015) хабар ёфтам, ки он ду нафар зерҳимояи маро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.

“Озодагон”: Аз ин ки ба Шумо аз Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди раисҷумҳури Русия занг задаанд, умедворӣ ҳаст, ки қазия мунсифона барасӣ шавад?

Иззат Амон: На, Аслан не. Ин Шӯро салоҳияте надорад, танҳо вазифаи маслиҳатӣ дорад. Барои ҳамин ҳам Шӯрост. Баъди он ки ҳимоятгарони ҳуқуқи аврупоӣ низ вокуниш нишон доданд, мо умедвор будем, ки Ҳукумати Тоҷикистон ё сафорату консулгарӣ низ вокунише нишон медиҳанд, вале афсӯс.

“Озодагон”: Умедворем, ки дар ин қазия Шумо ба ҳақиқат даст ёбед ва одилона баррасӣ шавад

Иззат Амон: Иншоаллоҳ! Мо аз тарафи худ тамоми талоши мумкинро хоҳем кард, то аз ҳуқуқ ва шарафамон дифоъ кунем.

Ин қазия дар ҳолест, ки қаблан низ муҳоҷирони тоҷик, ки дар боздоштгоҳи мувваққатии муҳоҷирон дар минтақаи Сахарово нигоҳдорӣ мешуданд дар мулоқот бо Иззат Амон аз шароити тоқатфарсои ин муассиса шикоят карда буданд.

ВИДЕОИ шикояти муҳоҷирони тоҷик:


Мӯҳр
Устод Изат Худованд харчое бошед саломату бардавом бошед.

Кулоби бача
786
Салом бар озодагони милат ва озод мардони гайюри мусулмони кишвар, Худо бо шумо ва амсоли шумо барин озод андешон хаст, иншоАллох. Умед ба худи Худо кун, факатт Худо.

Турк. Турция
Забони дароз сари сабзатро мехурат. Реклама кардани худатро бас кун.Роли Хотами тойро нагз бози мекуни .Хубиро дар рохи ризои Худо мекунанд, на аз барои Рио !!!!!!!!

Вокеан дуруст баён кардаст, дар Руссия мо мисли саги бехона кадр надорем, моро одам хисоб намекунанд. Аз зиндагии худ дар Руссия дида, мегуям.

Саргардон
Дар Россия миллати точик чунон бекадр шудааст, ки хатто вакте мепурсанд,ки кадом миллат хасти ва дар чавоб точикро мешунаванд, мазхака карда мегуянд, "таджики рабы русских". Кани он чавонмардоне,ки лоф мезананд,ки мо точикем е аз авлоди сомонием.

Хаким
Ахсан бародар Иззат Амон савоби ин гарибонро мегиред.

Мирзо
Анушервон бояд рохбар шавад на ин ки

Гулистон
хамеша аз тарики ВАО мехонем, ки Иззат Амон аз хакку хукуки мухочирони бехукуки точик пуштибони мекунад ва вазифаи сафиру консулро ичро мекунад, худо хифзат кунад, чавонмарди ба нангу номус, бишканад дастони касифи нокасон!

barodaro bien tifok shaven bas kunem bahiliradust boshem. kjoida naboshem barodarora hamihel kumaku dastgiri knen. Tojika sarsh dar hamajo baland bosha

На хама Иззат Амон шуда метавонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)