Бахшҳо

Бозтоби қатли Қувватов бо аксҳои Э. Раҳмон дар Ғарб: Чаро?

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор

Расонаҳои хориҷии бисёре хабари қатли Умаралӣ Қувватовро бо аксҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интишор додаанд.

Аксари расонаҳои бонуфузи дунё, аз қабили рӯзномаи “Гардиан”-и чопи Бритониё, “Садои Амрико”, BBC, сомонаи расмии созмони Афи байналмилал ва даҳҳо расона ва пойгоҳҳои интернетии дигар хабарҳои марбут ба қатли Умаралӣ Қувватов, раиси созмони мухолифи “Гуруҳи 24”-ро бо аксҳои Эмомалӣ Раҳмон ва баъзан бо аксҳои якҷояи ӯ бо Владимир Путин, президенти Русия нашр кардаанд.

Нашри ин аксҳо фаҳмиши гуногунеро аз ин амалкарди расонаҳои хориҷӣ ба бор овардааст ва коршиносон низ дар ин маврид назарҳои гуногун доранд. Роҳбари созмони “Индем” ва таҳлилгари сиёсӣ, Саймиддин Дӯстов мегӯяд, ки вақте як мухолифи ҳукумат кушта мешавад, навобаста аз он ки ӯро кӣ куштааст ҳатман расонаҳо аз ҳукумат ном хоҳанд бурд ва нашри аксҳои президент ҳам аз ҳамин зовия аст.

Саймиддин Дӯстов бар ин назар аст, ки қатли Умаралӣ Қувватов як террор ва куштори сиёсӣ аст: “Банда бар он ҳастам, ки ин куштор як амали террористӣ ва даҳшатафканӣ аст. Нафарон, гуруҳҳо ё ниҳодҳое мехоҳанд нишон диҳанд, ки мухолифини дигарро, тақрибан аз муҳити сиёсӣ ба ҳамин шеваи ваҳшатнок берун мекунанд. Дар ин куштори сиёсӣ ду фарзия ба ҳайси омили аслӣ вуҷуд дорад: сиёсӣ ва иқтисодӣ. Аммо фарзияи иқтисодӣ ҳам ношӣ аз фарзияи сиёсист”.

Бозтоби қатли Қувватов бо аксҳои Э. Раҳмон дар Ғарб: Чаро?Аммо Қироншоҳ Шарифзода, коршиноси умури расонаҳо нашри ин аксҳои раисҷумҳурро дар расонаҳои хориҷӣ зимни бозтоби қатли Умаралӣ Қувватов ба гунаи дигар шарҳ медиҳад. Ба назари оқои Шарифзода бояд бархӯрди расонаҳо аз ин зовия бошад, ки Қувватов то кадом андоза мухолифи устувор ва таъсиргузор буд:

“Мухолифи ҳукумати вақт будан барои ҳар шахсе, ки худро ба ин самт мезанад, низ масъулият дорад. Ба ибораи дигар, мухолиф будан касбу ҳунар низ ҳаст. Албатта, мухолифу мухолифатеро дар назар дорам, ки вазни ону онҳоро хоку замини кишваре "бардорад", ба иборае дигар, дар кишвар ба арзишҳои мардумсолорӣ арҷ гузошта бошад ва муҳим аз ҳама мардуми он арзиши хешро дарк карда бошад. Вагарна, ҳар гуна гуфтору рафтор, ҳар гуна изҳороту иқдоме аз мухолифатбозӣ беш нахоҳад буд. Аз ин ҷо, Умарали Қувватовро, ки каме бештар аз як солу ду сол сару садо баланд кард, дар радаи мухолифон гузоштан шояд ба мантиқи сиёсатфаҳмиву сиёсатмадорӣ рост наояд. Вақте ки баъзан расонаҳо кушта шудани ӯро бо куштори Борис Немтсов шабоҳат доданӣ мешаванд, аз чунин муаллифон ба суоле ҷавоб дарёфтан лозим мешавад, ки оё собиқа ва ё таҷрибаи сиёсатмадорӣ ва ё давлатмардии Қувватовро мухтасар метавонанд шарҳ бидиҳанд?”.

Бозтоби қатли Қувватов бо аксҳои Э. Раҳмон дар Ғарб: Чаро?Коршиносон ба паҳлуҳои сиёсиву ҳуқуқии ин шеваи бозтоб дар расонаҳои хорҷӣ ишора мекунанд. Шокирҷон Ҳакимов коршиноси умури ҳуқуқӣ ва яке аз роҳбарони ҳизби мухолифи Сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин амалкард “ду ҷиҳати масъаларо бояд ба инобат гирифт”: “Яке масъалаи ҳуқуқӣ ва дуюм сиёсӣ. Ҷиҳати ҳуқуқии масъала дар он аст, ки усули эҳтимолияти бегуноҳӣ бояд риоя шавад ва то эълони расми хулосаҳои мақомоти босалоҳияти давлате, ки дар он ҷиноят содир шудааст аз баҳои ҳуқуқӣ додан ва гуфтани фармоишгару иҷрочии ин амали зишт худдорӣ намоем”.

Ба назари ин коршинос ин шеваи бозтоб то андозае пешдоварӣ аст: “Ин расонаҳои хориҷӣ бо мақсади ташаккули афкори ҷамъиятӣ хабари қатли Қувватовро бо аксҳои Эмомалӣ Раҳмон нашр карда, ба ҳодиса баҳои сиёсӣ медиҳанд ва ангезаҳои дигарро дар робита ба фаъолияти иқтисодии ӯ ё эҳтмолияти вуҷуд доштани дигар ҳолатҳоро инкор менамоянд”.

Бо такя ба ҷанбаи сиёсии масъала Шокирҷон Ҳакимов таъкид мекунад, ки дар таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ ва шӯравии собиқ низ бо истифода аз имкониятҳо ва робитаҳо аз ҷумла бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ барои ҷисман нобуд кардани рақибони сиёсӣ амалиёти махсусро дар мувофиқа бо ҳамдигар ба анҷом мерасонанд:

“Ҷиҳати сиёсии масъала дар он аст, ки Умаралӣ Қувватов бо ҳадафи муайян созмон таъсис дод ва бо мақсади амалӣ намудани он бо воситаҳои ахбори ватанию хориҷӣ ҳамкорӣ мекард ва ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд”.

Умаралӣ Қувватов, ки худро яке аз мухолифини сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонист ва бештар фаъолиятҳои сиёсиву иқтисодии ғайрирасмии нафарони наздик ва хонаводаи раисҷумҳурро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ифшо мекард, дар ин навиштаҳои расонаҳои хориҷӣ ба унвон пешвои мухолифни тоҷик низ ном бурда шудааст.

Саймиддин Дӯстов мегӯяд, ки тобиши сиёсӣ гирифтани қатли Қувватов ҳам ба он бармегардад, ки ӯ то куҷо барои ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон хатар дошт ва оё зарурати ҷисман нобуд карданаш буд ё не?

Бозтоби қатли Қувватов бо аксҳои Э. Раҳмон дар Ғарб: Чаро?“Чунин зарурат набуд. Қувватов барои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумат ҳеч хатаре надошт. Зеро ӯ саводи казоии сиёсӣ надошт, соҳиби маълумоти олӣ низ набуд. Сиёсатмадоре буд, ки дар муҳити сиёсӣ ҳеч касе ба ӯ бовар намекард. Аз шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон на Тӯраҷонзода, на Кабирӣ, на Зоиров, на Атовуллоев ва ҳатто на Саидюнуси Истравшаниву Бахтиёр Саториву Иззату Аммону дигар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба ӯ эътимод надоштанд. Қувватов, ки таҷрибаи кор бо наздикони раисиҷумҳурро дошт ва фикрҳои фарқкунанда аз Ҳукумати Тоҷикистонро мезад то ҳатто як сармоядори қавӣ низ набуд. Бубинед, баҳсҳои молие, ки бо телевизиони “К+” дошт ва ё барои чанд муддат дар яке аз масҷидҳои Туркия зиндагӣ кардани ҳамсару фарзандони ин худораҳматӣ нишон медиҳанд, ки чандон сармояе ҳам надошт. Фақат аз ноҷӯриҳои Тоҷикистон азият мекашиду аз ҳукуматдорон дард дошт”,-изҳор дошт Дӯстов.

Бо вуҷуди ин ки Дӯстов Қувватовро як сиёсатмадори таъсиргузор дар Тоҷикистон намедонист, вале куштори онро ба чанд далел сиёсӣ медонад: “Ин куштори сиёсӣ аст, зеро дар муҳити сиёсии Тоҷикистон бозигарони сиёсии гуногун вуҷуд доранд. Як қисм аз онҳо мехоҳанд садоқати худро нишон бидиҳанд ва қисме мехоҳанд ба корфармоёни хориҷияшон тавонмандиҳои худро ҷилва диҳанд. Ҳукумат бошад контроли ин бозингаронро аз даст додааст ва яке аз нишонаҳои заъфи ҳукумати худкома дар Тоҷикистон ҳамин аст”.

Ба назари Дӯстов паёми қатли Қувватов метавонад ин бошад, ки дар муҳити сиёсии Тоҷикистон шахсиятҳои сиёсии қавӣ вориди муборизаи ҷиддии сиёсӣ нахоҳанд шуд.
Мӯҳр
Абуханифа
Гапи аввалу охирро чаноби Саймиддин Дустов вокеъбинона ва дуруст гуфт, чои бахс дигар намонд, худо нигахбонат бошад, ай босавод. Террори як хамватан ба хотири мансаби харом кори касе набошад, бад, дахшат ва назди худову чамъият гунохи нобахшидани, хатто хонаи як гунчишкро вайрон кардан гунох аст, террорхои дар гузашта нисбати точикон аз кабили ходимони барчастаи илму фарханг Осими, М.Гуломов, О.Латифи, Хабиб Сангин, М.Нарзиев,С.Кенчаев, ва садхои дигарро таърих ва миллат хеч гох фаромуш намекунад, котилон дер ё зуд дар назди конун ва халк чавоб медиханд, ин конуни хаёт аст.

Хама медонад ки Умарали Кувватов бо фармони ки кушташудааст. Шахидон намемиранд

Dev
Albatta Kuvvatov chandon sijosatmador ham nabud, vale dar barobari sijosatfahmii "nobigagoni" hukumati kununi u sijosatmador bud !!! Donishu malakai sijosii Kuvvatov ba donishu fahmishi hukumat hele barobar bud va baroi hamin guftahovu kardahoi u ba janobon "diplomathoi" ehsosotii hukumat hele va hele nameforid. Du dafa kushishi intikoli Kuvvatov ba Dushanbe daleli in guftahost. Odamoni hukumatu nazdiki hukumat biser mehostan uro nest kunand va dar ohir ba maksadashon rasidan.One ki kushtori u bo tijoratash rabt dorad tamoman nodurust ast.Shirkati "Faroz" ohirin tijorati u budu halos(shoyad VKD-i tojik hato namekunad,kushtori uro ba tijorat rabt dod, shoyad hamun tijorati peshro dar nazar dosht).

Ғариб
Ба фикри коршинос Кувватов саводи казоии сиёсӣ ва ғайраро надошт, аммо чизе дошт, ки дар як муддати кутоҳ уро маъруф ва маҳбуби мардум сохт. Ин "ҷуръат ва нотарсӣ" барои гуфтани сухани ҳақ аст. Чизе ки мутассифона сиёсатмадорон ва коршиносони муҳтарам надоранд.

Darvesh
S.Dustov!!! Vaqto ki Umarali zinda bud sukhanronit digar bud!!! Imruz I u vafot kard tamoman gapzanit digar khel shiday!!! Yo khidta ba hukumat shirin kadesti?????

одами носолим
мухим он буд, ки бар зидди зулму асорат мубориза бурдани буд. ба як гул бахор намешавад. худо магфират кунад. омин.

карим
Чояш чаннат шавад.дархакикат далеру часур буд. Хакро мегуфт

Саид
ин куштор бегумон террори сиёси аст.

ba musofir
Pesh az poda chang nakhezon musofir. Duzd 1 jo gumonbar sad jo. Vakt nishon medihad.

saimdin
S.Dustovda navishtam 1 gap chop knen bad i gapa ham chop knen ki moshina kadom khojai xorijiash dod?

Умарали Кувватов як сохибкор буд ва пас аз дуздии маблагхои давлати аз ватан фирор кард. Лекин ман хайронам, ки имруз мардум пушти Куватовро мегиранд ва мегуянд, ки у сиёсатмадор буд, пулдор буд ва гайрахо. Оё шумо фикр намекунед, ки дар вакти Точикистон буданаш, яъне кор мекард ягон маротиба барои ободии ватан ягон чиз сохта буд, ё ба ягон камбизоат ё ятимон дасти ёри дароз карда буд ё барои ягон шахс ки имруз аз Кувватов пуштибони мекунанд хона, мошин харида буд? Кувватов дар давраи вазифа буданаш барои фоидаи ватан ва мардум ягон кори хуб накардааст, факат пулро чамъ намуд ва сипас аз ватан фирор. Пас аз мурданаш чаро ба таърифу тавсиф машгулед. Чаро имрузхо дар ватан ва берун аз ватан мардуми точик бо хар роху восита мемирад ягон кас нисбати онхо гап намезанад ё ба доди модарону фарзандони онхо хеч кас намерасад. Шоире фармудааст: Пулдор агар бимирад хешону гайр гирянд,
Бепул агар бимирад кам оби дида тар кунад. Барои одами боаклу солим хаминаш кифоя.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)