0,08 га замин бар ивази 17 ҳазору 600$ дар Спитамен
Гулшан Фозилов, раиси ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба иттиҳоми гирифтани ришва дар ҳаҷми беш аз 17 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт шудааст.
Тавре масъулини Додситонии вилояти Суғд хабар медиҳанд, Фозилов барои ҷудо намудани қитъаи замин ба масоҳати 0,08 гектар аз Дилноаз Ҷураева, 17 ҳазору 600 долари амрикоӣ ҳамчун ришва гирифтааст.
Ин ниҳод мегӯяд, раиси ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рӯзи 4 марти соли равон боздошт шуда, ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло алайҳи Фозилов тибқи банди “г” қисми 4 моддаи 319-и Кодекси ҷиноии кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, “пешбурди он ба зиммаи муфаттишони Раёсати Агентии назорати давлатии моляви ва мубориза ба коррупсия дар вилояти Суғд вогузор карда шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |