АКС: Президент аз кормандони соҳаи тиб хост вазифаашонро софдилона анҷом диҳанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6 март дар маросими расмии ифтитоҳи бинои нави Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар шаҳри Душанбе иштирок кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, бинои нави мазкур дорои се ошёна бо харҷи 5 миллиону 120 ҳазор сомонӣ сохта ва бо мебелу таҷҳизот муҷаҳҳаз шудааст, ки бо бунёди он 35 нафар мутахассис бо ҷои кор таъмин шуданд.
Инчунин бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии кишвар оғоз бахшида шудааст.
Бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки сохтмонаш бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, аз 13 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи бино барои 50 мошини сабукрав таваққуфгоҳ, дар ошёнаҳои болоӣ дар қатори утоқҳои корӣ, ки барои 680 коргар пешбинӣ шудаанд, толори маҷлисӣ бо 315 ҷойи нишаст, толори матбуот, 8 толори таъиноти гуногун, осорхона, боғи зимистона, ошхона бо 180 ҷойи нишаст ҷойгир хоҳад шуд. Дар ин бино ғайр аз кормандони дастгоҳи марказии вазорати мазкур ҳамчунин 3 хадамоти ин соҳа, 7 маркази ҷумҳуриявӣ, 2 бахши ҷумҳуриявӣ, Академияи илмҳои тиб, идораи сохтмони асосӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷой мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳузури роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустии кишвар аз масъулини ин ниҳод хостааст, ба баланд бардоштани савияи донишу малакаи мутахассисон ва беҳ намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва таъкид кардааст, ки “вазифаҳои худро софдилона ва бо ҳисси баланди масъулият иҷро намоянд.”
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур афзудааст, ки хобгоҳҳои бунёдшавандаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қарор буд, то 9-ошёна баланд бардошта шаванд, вале бо пешниҳоди раисҷумҳури кишвар шумораи табақаҳои биноҳо то 12 ошёна боло бурда шуд: “Дар умум дар се хобгоҳи 12-ошёна наздики 1600 донишҷӯй ҷойгир мешаванд. Барои оғози корҳои сохтмонӣ аллакай 10 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |