Назарбоев: Нахостам боз Президент шавам, аммо...
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон мегӯяд, қасди пешниҳоди номзадияш ба мақоми президентии ин кишвар барои бори панҷум дар интихоботи пешазмуҳлатро надошт.
Ӯ дар мулоқот бо занони фаъоли ҷомеаи Қазоқистон, гуфтааст, ҳар чанд нақшаҳои дигаре дошт, вале дар пайи хоҳишҳои зиёди занони Қазоқистон ин бор низ номзадияшро ба мансаби президентии кишвараш пешниҳод мекунад: “Идеяи пешниҳоди номзадиямро дар интихоботи президентии пешазмуҳлати Қазоқистон аслан занҳо ҷонибдорӣ ва дархост карданд. Ҳоло ҳар рӯз ҳазорҳо нома мегирем, ки муаллифон аз ман хоҳиш мекунанд, бори дигар номзадиямро пешниҳод кунам”.
Ба гуфтаи раисҷумҳури 75-солаи Қазоқистон, гӯиё нақшаҳои ӯ дигар буданду замони ба истилоҳи театрӣ “тайғири ороиши саҳна” фаро расидааст: “Вақте аз асосгузори Сингапур - Ли Куан Ю, ки баъд аз 31 соли ҳукмронӣ аз симматаш канор рафт, пурсиданд, чаро рафтӣ? Гуфт, вақтҳои охир худро дар телевизион медидаму худам ба худам маъқул намешудам”.
Назарбоев дар идома иқрор кардааст, ки ӯ низ хоҳиши рафтан аз мансаби президентии Қазоқистонро дорад, вале баъзе аз орзуҳову муттаҳид кардани миллаташ боз медоранд: “Имрӯз фурсат ҳаст, ки мо бо ҳам шинему Шумо ба ман гӯед, чӣ кунам?”
Нурсултон Назарбоев соли 1940 дар ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Қазоқистон ба дунё омадаааст. Ӯ аз соли 1984 то 1989 раҳбарии Шӯрои вазирони ин ҷумҳуриро бар уҳда дошт. Соли 1989 ба ҳайси раҳбари Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Қазоқистон интихоб шуда, то соли 1991 дар ин симмат кор кардааст. Дар пайи пошхурии Иттиҳоди шӯравӣ моҳи декабри соли 1991 ба ҳайси нахустин президенти Қазоқистон ба курсии раҳбарии кишвараш нишаст ва инак то ҳол бо ислоҳу тағйири пайдарпайи Қонуни асосӣ (конситутсия)-и Қазоқистон, бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ аз лиҳози қаламраву захираҳои табиӣ ва ҳаҷми иқтисодро раҳбарӣ мекунад. Интихоботи президентии Қазоқистон мебоист дар соли 2016 баргузор мешуд, вале бо пешниҳоди Маҷмааи халқии Қазоқистон ва қабули ҳукумату парлумони ин кишвар интихоботи президентии қабл аз муҳлат эълон гардид. Ин раъйдиҳӣ 26 апрели соли равон баргузор хоҳад шуд. Гуфта мешавад, номзади аслӣ ҳамоно Нурсултон Назарбоев хоҳад буд, вале то ҳол аз даҳ нафар, ҷумла Аскар Сиргабоев, Сафиолла Алдаҷонов, Лимина Койшиева, Бахит Абдукаримов ва Суҳроб Мирзошов номзадии худро ба мақоми президентии Қазоқистон пешниҳод кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |