Фармони Президент дар бораи таъини муовинони нави А.Ғоиб
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 6-уми март ба судури фаромин муовинони нав Абдуфаттоҳи Ғоиб, директори Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистонро таъин кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Нусратзода Иброҳим ва Хайрзода Давлатбек Зайнидин муовинони нави Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Қаблан бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия -- Тоҳир Ҷобирзода, муовинҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия -- Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишозода аз вазифаҳои худ сабукдуш гардида буданд.
Ин тағйирот дар ҳоле сурат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз фасоди густурда дар Оҷонсии мубориза бо фасод интиқод намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |