Посухи радди Наталя барои ҳамхобагӣ бо куштор анҷомид
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ойбек Ҳамзаев, сокини 30-солаи ноҳияи Зафаробод хабар додааст, ки дар куштори Гурина Наталяи 50-сола айбдор мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, Гурина Наталя, сокини шаҳри Хуҷанд дар ҳоле кушта шудааст, ки ба талошҳои Ҳамзаев барои алоқаи ҷинсӣ намудан, муқобилият нишон додааст: “Ҳамзаев ба ғазаб омадааст ва бо санг чанд бор ба сару рӯйи ҷабрдида зада, ба ҳалокат расонидааст”.
Ин ҳодиса шаби 4 ба 5 марти соли равон дар назди фермаи мурғпарварии ҶДММ “Байзо”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба миён омада, ҷасади Гурина Наталя низ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар ҳамин макон ёфт шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло алайҳи ин сокини ноҳияи Зафаробод, ки қаблан тибқи моддаи 244- Кодекси ҷиноии кишвар суд шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |