Бахшҳо
06 мар 2015 13:33Тоҷикистон / Сиёсат

Президент дар бораи бадкории сатрпӯшҳо, ҷангиёни дӯзахӣ, интихобот ва қадпастӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 6-уми март дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи модарон, дар бораи интихобот, занони мансабдор, ҷангиёни Сурияю Ироқ, тақлиди духтарон ба фарҳангҳои бегона ва сабаби паст шудани қади мардуми кишвар суҳбат намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба муносибати фасли баҳор ва фарорасии Рӯзи модарон тамоми сокинони кишварро табрик намуда, махсус барои бонувони кишвар саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ аз ҷумла изҳор доштааст, ки феълан мақомоти давлатӣ беш аз 8 ҳазор зан фаъолият мекунад, ки 500 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд: “Дар ин давра беш аз 120 ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла 6 ҳазорашон тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуданд, ки ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бо муваффақият кору фаъолият карда истодаанд”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур аз ҷумла дар хориҷи кишвар қариб сеюним ҳазор духтари тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, вале ин нишондиҳанда ҳоло ҳам нокифоя аст: “Аз ин лиҳоз, ба падару модарон муроҷиат карда, бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки пеши роҳи таҳсили фарзандонашонро нагиранд, баръакс, кӯшиш намоянд, ки онҳо хонанд ва босаводу соҳибмаърифат гарданд”.

126 ҳазор зани тоҷир

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин фаъол шудани занонро дар умури тиҷорат таъкид карда, афзудааст, ки агар дар оғози даврони истиқлолият шумораи занони соҳибкор ҳамагӣ 64 нафарро ташкил карда бошад, имрӯз шумораи корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбаронашон занону духтарон мебошанд, ба 2220 расидааст: “Имрӯз 126 ҳазор нафар занону духтарон ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд”.

Президент дар бораи Ҳередот ва асрори пешрафти ориёиён

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо занон тарбияи фарзандро хеле муҳим хонда, таъкид намудааст, ки ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст: “Падари таърих Ҳеродот асрори бузурги мардуми ориёиро ҷустуҷӯ намуда, омили асосиро дар анъанаи неки тарбияи фарзанд ва муҳаббат ба Ватан дидааст. Бино ба иттилои Ҳеродот мардуми ориёӣ чунин одат доштаанд, ки ба писарони аз 5 то 20 – солаи худ се илмро пайваста меомӯзонидаанд. Якум, аспсавориро ба хотири тарбияи ҷисмонӣ ва чусту чолок будани фарзанд, дуюм, тирандозӣ ё камонвариро ба хотири дифои Ватан ва ниҳоят, танҳо сухани ҳақ гуфтан, яъне рост гуфтанро барои тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ. Инчунин Ҳеродот таъкид мекунад, ки маҳз ҳамин сифатҳо давлати қадимаи ориёиҳо - Ҳахоманишиёнро дар замони худ ба бузургтарин давлат табдил додаанд”.

Зикри Президент аз Қуръон: Оё ҷангиёни Сурияю Ироқ намедонанд, ки дӯзахиянд?

Раисиҷумҳур инчунин таъкид намудааст, ки имрӯзҳо дар пайи беназоратӣ ва дуруст тарбия наёфтан иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст мезананд: “Қисми дигари фарзандон бо ҳамин сабабҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ҳамроҳ шуда, дар давлати ба ном исломии Ироқу Шом ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд ва аллакай даҳҳо нафари онҳо дар хоки бегона ба ҳалокат расидаанд. Ҳол он, ки дар ояти 93 сураи Нисои Қуръони карим омадааст, ки “ҳар кӣ муъминро бар қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст”. Оё модарон ва худи ин афроди гумроҳ намедонанд, ки ҷойи чунин ҷавонон дӯзах аст? Намедонанд, ки давлатҳои Сурияву Ироқ кишвари мусулмонҳо мебошанд ва аксари одамоне, ки ҳар рӯз қурбон мешаванд, мусулмонанд?

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки ба чунин вабои аср бетараф будани оилаҳо ва аҳли ҷамъият оқибати ниҳоят бад дорад: “ Мо бояд фарзандонро дар дохил ва хориҷи кишвар зери назорати қатъӣ қарор диҳем, нагузорем, ки онҳо фирефтаи тарғиботи гурӯҳҳои тундрав шаванд, ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҳамроҳ гарданд, ба модар - Ватани худ хиёнат кунанд ва ба одамкушиву қотилӣ ном бароранд. Аз хиёнат ба Ватану падару модар гуноҳи азиму бузургтаре нест”.

Дастур барои ҷорӣ намудани фанни “Маърифати оиладорӣ”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз волидоне интиқод намудааст, ки ба духтаронашон нозукиҳои зиндагиро намефаҳмонанд: “Ба ибораи Ибни Сино тадбири манзилро ёд надода, ҳамаи онро ба худи духтарон ҳавола менамоянд ва дар шуури онҳо ҳисси таҳаммулгароӣ ва сабуриву пуртоқатиро ташаккул намедиҳанд. Дар натиҷа чунин духтарон бе тайёрии оилавӣ ба шавҳар мебароянд ва ба мушкилоти хонаводагӣ тоб наоварда, хонавайрон мешаванд. Бинобар ин, мо дастур додем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо роҳи ҷорӣ намудани фанни “Маърифати оиладорӣ” ба шогирдон тадбири манзил ё рӯзгордорӣ таълим дода шавад, то фарзандони мо аз асосҳои зиндагӣ огоҳӣ ёфта, ба ҳаёти мустақилона тайёр шаванд”.

Президент: “Модар чӣ гуна духтар намуна”


Эмомалӣ Раҳмон ба такрор аз модарон даъват намудааст, ки ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ диҳанд: “Мардуми мо як ҳикмати бисёр соддаву зебо ва воқеан ҳаётӣ дорад: модар чӣ гуна, духтар намуна. Яъне духтар тамоми фазилатҳои зиндагӣ, аз ҷумла ҳаёву одоб, тарзи рӯзгордорӣ, ҳунари пухтупаз ва дигар заруратҳои ҳаётиро аз модари худ ёд мегирад. Инчунин ҳурмату эҳтиром намудани шавҳар ба сифати сарвари оила ва ҳамчун сутуни хонадон нигоҳубину эҳтиёт кардани ӯро ба духтари худ танҳо модар меомӯзонад”.

Пешниҳоди ҳатмӣ кардани муоинаи тиббӣ пеш аз издивоҷ

Президенти Тоҷикисон инчунин бо такя ба таҳлилҳо аз муоинаи тиббӣ нагузаштани ҷавононро яке аз сабабҳои ҷудо шудани оилаҳо арзёбӣ карда, афзудааст, “масалан, дар якчанд штати Амрико аз солҳои 50-ум, Миср аз соли 1994, давлати Урдун аз соли 2004, Амороти Муттаҳидаи Араб аз соли 2005, Қатар аз соли 2006, Арабистони Саудӣ аз соли 2008, Федератсияи Россия аз соли 2009 ба қонунҳои худ тағйирот ворид намуда, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштанро ҷорӣ кардаанд ва ҳатто дар баъзе кишварҳои зикршуда бе шаҳодатномаи тиббӣ никоҳро иҷозат намедиҳанд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоию адлияро вазифадор кардааст, ки механизми ба танзим даровардани муоинаи тиббиро бо мардум ҳамаҷониба муҳокима карда, пешниҳодоти худро дар хусуси ба танзим даровардан ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдор ҳарчи зудтар ба Ҳукумат манзур намоянд”.

Президент дар бораи сабабҳои қадпастӣ ва лоғарии мардум

Президент илова намудааст, ки донишмандони соҳаи генетика ва тибби тоҷик сабаби бемориҳои солҳои охирро ба никоҳи хешутабории наздик низ мансуб дониста, тамоюли рӯ ба афзоиш будани онро илман исбот намудаанд: “Чунончи, аз 165 ҳазор нафар маъюбе, ки дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, 35 фоизаш ба иллати никоҳи хешутабории наздик ба миён омадааст. Инчунин, бо гуноҳи падару модароне, ки тамоку мекашанд ё гирифтори бемории нашъамандӣ мебошанд, кӯдакони зиёде бо нуқсу иллатҳои модарзодӣ ба дунё меоянд. Аз никоҳи хешовандии наздик нуқсҳои модарзодии дил то 60 фоиз, бемориҳои асаб то 33 фоиз, рӯҳӣ то 19 фоиз ва чашм то 16 фоизро ташкил дода, як қатор бемориҳои ирсӣ низ зиёд шуда истодаанд. Худатон тасаввур кунед, ки 165 ҳазор оила агар якнафарӣ маъюб дошта бошад, пас зиёда аз як миллион нафар ҳамватанони мо зиндагии маъюсонаву талх доранд. Акнун ҳар яки шумо қазоват кунед, ки чаро мо бо дасти худ ва бо ихтиёри худ зиндагиамонро талх мекунем. Як сабаби паст шудани қаду қомат, заиф гардидани ҳофиза, барвақт фавтидани тифл ва маъюбии модарзодӣ никоҳи хешовандии наздик мебошад. Барои муқоиса чунин мисолҳоро аз дигар кишварҳо низ овардан аз манфиат холӣ нест. Дар 70 тадқиқоте, ки олимони тибби Британия вобаста ба никоҳи хешутабории наздик дар миёни муҳоҷирони мусулмонтабори муқими кишварашон гузаронидаанд, дар ҳамаи онҳо хатари беморӣ, бахусус кару гунгшавӣ ва бармаҳал фавтидани кӯдак муайян карда шудааст”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур дар масъалаи никоҳи байни хешу таборони наздик аз намояндагони мазҳаб, олимон ва донишмандони гузаштаву ҳозира ривоятҳо ва таъкидҳои зиёде мавҷуданд, ки дар онҳо никоҳи хешутабории наздик маҳкум карда мешавад: “Масалан, яке аз саҳобагони пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад ривоят овардааст, ки “ба хешу ақрабои худ издивоҷ накунед, вагарна фарзандони шумо лоғар ба дунё меоянд”. Унсурмаолии Кайковус менависад, ки “зан аз қабилаи дигар интихоб намо, то бегонагонро хеш карда бошӣ, ки ақрабои ту аҳли ту бошанд”. Ё худ дар изҳороти уламои Донишгоҳи ал-Азҳар омадааст: “Ба шарике издивоҷ кунед, ки дорои бемориҳои меросӣ набошад ва аз издивоҷ бо хешу ақрабои худ худдорӣ намоед”.
Бо зикри ин Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, супориш додааст, ки оқибатҳои издивоҷи хешовандони наздикро ба мардум дуруст шарҳ дода, пешниҳодоти худро доир ба ворид намудани тағйирот ба қонунҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ кардани никоҳи хешутабории наздик ҳарчи зудтар ба Ҳукумат манзур намоянд.

Президент: Сатрпӯшӣ нишони боиффат будани духтар нест

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намудааст, ки охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.

Дар идома раисиҷумҳур гуфтааст, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.
Бунёди “Муҷассамаи модар” дар Душанбе
Президенти Тоҷикистон инчунин ба хотири ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон ва дар доираи Соли оила пешниҳод намудааст, ки дар шаҳри Душанбе “Муҷассамаи модар” ва як маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” бунёд карда шавад ва дар он барои тарбия кардан ва ба воя расонидани кӯдакон тамоми шароити ҳозиразамон муҳайё карда шавад: “Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки барои сохтмони ин маҷмаа замин ҷудо намояд ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон лоиҳаи онро бо истифода аз беҳтарин анъанаҳои меъмории миллӣ ва муосир омода намуда, ба Ҳукумат пешниҳод созад”.

Ташаккур ба аҳзоби сиёсӣ барои иштирок дар интихобот

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин мулоқот ҳамчунин ба аҳзоби сиёсии кишвар барои иштироки фаъолонаашон дар интихоботи парлумонии 1-уми март изҳори миннатдорӣ намудааст: “Ҳамчунин бо истифода аз фурсати муносиб, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла занони шарофатманд, ҷавонони ватандӯст, ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсии кишвар барои ширкати фаъолонаашон дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки чанд рӯз пештар баргузор шуда, нишонаи равшани болоравии фарҳанги сиёсии ҷомеа, масъулияти ватандорӣ ва рамзи возеҳи суннати таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвари маҳбубамон ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва осоиши ҳар як оила гардид, сидқан миннатдорӣ баён менамоям”.

Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки бигзор, Рӯзи модарон ба ҳар пиру барнои диёр, занону модарони азиз ва духтарони меҳрубони мо хушрӯзиву саодатмандӣ насиб гардонад: “Бигзор, духтарони кишварамон хушбахту хуштолеъ бошанд ва дар оянда соҳиби хонаи ободу оилаи солим гарданд! Бигзор, Соли оила боиси таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва рушди ҳаёти иҷтимоии он гардад ва занон чун парчамбардорони диёр дар он пешсафу сарбаланд бошанд!”


Президент дар бораи бадкории сатрпӯшҳо, ҷангиёни дӯзахӣ, интихобот ва қадпастӣ (АКС)

Президент дар бораи бадкории сатрпӯшҳо, ҷангиёни дӯзахӣ, интихобот ва қадпастӣ (АКС)

Президент дар бораи бадкории сатрпӯшҳо, ҷангиёни дӯзахӣ, интихобот ва қадпастӣ (АКС)

Президент дар бораи бадкории сатрпӯшҳо, ҷангиёни дӯзахӣ, интихобот ва қадпастӣ (АКС)

Президент дар бораи бадкории сатрпӯшҳо, ҷангиёни дӯзахӣ, интихобот ва қадпастӣ (АКС)
Мӯҳр
рпв
Яке аз сабабхои асосие, ки чавонон ба чиход ба Ирок мераванд, ман дар он мебинам, ки шароити ичтимои дар чумхури вазнин аст. Яъне ки нест чой кор барои чавонон. Дари мактабхои оли танхо ба шахсони пулдор кушода хастанд. Ана хамин гуна беадолатихоро чавонон дида аз зиндаги дилсард мешавад, руй ба ифрот мезананд. Аз ин холатичавонони точик онхое, ки ба чиход мардумро мефиристанд, истифода мебаранд. Барои хамин он чавононро махкум накунед. Бехтараш барои онхо шароити хубуи зиндаги офаред. Лекин хукумат харгиз ин корро находа кард, чунки ин хукумати мардумсолор нест.

.ХНИТ буд аз Исломи Азиз пуштибони мекард. деПУТАТхочи коре хохад мекунад.

про
Шармандаги аз руи ояхои Куръони мисоли дузахиёнро меораду сатрро манъ ман бовари дорам ин матнхоро кур курона ланганбадорони дарбори тайёр кардаанд

фохишахоро ментхо мачбур мекардаанд, ки сатр пушида фохишаги бикунанд, агар напушанд штрафаш калон будааст.

Салим
Рузи модаронро дар симои зан , духтар ва билохира модарон ба Чаноби Оли низ муборак мегуям. Худованд Президенти кишварро болои сари модарони мо саломат ва пируз нигох дорад!ОМИН!

умар
дар бораи сатр АЛЛОХ дар сураи нур дар ояи 31 мефармояд занони мусалмон вахтеки ба куча мебароянд дар бар либосе руимале дар бар кунад ки муи сари онхо ва пеши бари онхо намоён набошад яъне (сатр кунанд).оё сатро либоси бегон медонед?

ХАКИКАТ
Ин давлоти ДЕМОКРАТИ БА ПУШИДАНИ ЛИБОСИ ЗАНОН ЧИ КОР ДОРАД. БАРОИ ЧИ ДАР ШАХР ТУЛИ 23 СОЛ ОБИ ГАРМ НАМЕДИХЕД КИ ЗАНХОИ МУХТАРАМ АЗ ХУНУКИ НАЧОТ ЁБАНДУ ФАРЗАНДИ СОЛИМИ КАДБАЛАНД БА ДУНЁ БИОРАНД

Мулими Муъмин
Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, супориш додааст, ки оқибатҳои издивоҷи хешовандони наздикро ба мардум дуруст шарҳ дода, пешниҳодоти худро доир ба ворид намудани тағйирот ба қонунҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ кардани никоҳи хешутабории наздик ҳарчи зудтар ба Ҳукумат манзур намоянд.
, яъне мехоҳанд никоҳи хешутаборонро қонунан манъ кунан. мехоҳанд бигӯянд, ки Қуръон китоби қонуни зиндагӣ нест

точ
Барри чи факат зани хичобдор агар дар куча як зани хичобдор бошад дахтои дигараш бехичоб . ана акнун сар шуд шикори румолпушон. Ин фармон аз кадом хоча бошад.

Муслим
Ассалому алайкум

Эътибори халк бедил бар либос уфтодааст
Варна якранг аст хун дар пайкари товусу зог.

Бале у зане, ки хаёву иффат надорад уро на сатр пеши рохашро мегираду на чизи дигар аммо бисёранд занхое,ки тарси худо доранд ва мехоханд бо сатр бошанд ман дар ин ягон камбудие намебинам. Шукри аллох бонуи аввали мамлакат бо либоси милли аст бо сатр аст ва дуъо мекунем,ки хамаи занхои точик пайрави аз вай кунанд на аз занхои аврупо.

Rustam az Amrico
Biyoen Janob vohima naknen Amricoda itari gap nestay ki dukhtar pesh ay shavhar baromadan nazdi dukhtur brava ki u dkhtaray yo nodkhtar!!!! Nazdi dukhtur raftani inho tamoman digar mano dorad!!!!!!!

хакикатпараст
Хай бигзор сатрпуширо танкид кунанд ,лекин баробари ин бояд миниюбкапушхоро низ манъ кунанд. Ман ба фикри чаноби Оли рози нестам ,агар духтар фохиша хам бошад бояд сатрро пушад . Чунки агар мини ююкаро пушанд чомеаро тамоман вайрон мекунанд.
АЗ БОЛОИ САТР НАЗОРАТ БУРДАН БАЪД ,АЗ РУИ МИНИЮБКАХОЮ АНЧОМХОИ АВРУПОИ ХАМ НАЗОРАТ БАРЕД ОХИИ!!

Чабрдида
Чист е'рони тарикат баъд аз ин тадбири мо??????

мухаммад
чаноб дар ояти 93и сураи нисо чинавишташудааст дидааст ,оё надидааст ,ки дар тамоми курони карим ва дар худи сураи нисо ба сатр пушидани занон худованд амр намудааст оё у мухолифи амри офаридгораш амр медихад ? ба корхои ношоям дастзадани баъзе аз занони хичобпуш далел бар он намешавад ,ки аз амри худо сарбоззанем .хар кас масъули кори хешаст ва худ чавобашро пас медихад чи аз лихози конуни ва чи аз лихози исломи.ба чунин корхо занони бехичобниз дастмезананд аммо мо хаммаи онхоро хамингуна шумурда наметавонем !сатр ин либоси ачнабиён нест ин фарзи исломаст дарназди худо мусалмон буданат мухиммаст на кучоги буданат ва чи фарханг доштанат

Душанбеги
Чаноби Оли! Бори дигар тасдик кардед, ки фарзанди лоики хар як модари точикистони мебошед. Офарин!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)