Бахшҳо

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов аввалин тоҷикест, ки дар Ҷопон соҳиби унвони профессорӣ шуд. Ин донишмандони 35-сола, ки як сол қабл рисолаи доктории худро дар донишгоҳи Кобеи Ҷопон ҳимоя кард, ахиран дар саҳфаи Фейсбукаш навишт: “Дӯстони азиз, ман дирӯз расман унвони "ассошиейт профессор" гирифтам. Ин орзу ва мақсадам буд ва ба Шумо низ барои расидан ба беҳтарин орзуҳоятон комёбиҳо орзумандам”.

Хабарнигори “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ дар як суҳбати катбӣ баъди табрикот нахуст аз Мирзосаид Султонов пурсид, унвоне, ки дарёфт кард, чӣ хусусиятҳо дорад?


Мирзосаид Султонов: “Бисёр миннатдорам, ки ба мо таваҷҷуҳ кардед. Associate professor як унвоне миёни дотсент ва профессори мо мебошад. Дар як қисм кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Амрикои шимолӣ ба ҳайси профессори комил шинохта мешавад”.

Озодагон: Чӣ чиз сабаб шуд, ки зиндагӣ ва кору таҳқиқро дар Ҷопон ихтиёр кардед?

Мирзосаид Султонов: “Чун пештар бо як ширкати Ҷопонӣ ҳамкорӣ мекардам ва каме забони ҷопониро медонистам, барои ҳамин Ҷопонро интихоб кардаам”.

Озодагон: Ба ҷуз корҳои илмӣ фаъолиятҳои дигаре ҳам дар Ҷопон доред?

Мирзосаид Султонов: “Не, фақат кори илмӣ, таҳқиқот ва дар донишгоҳҳо дарс додан”.

Озодагон: Обрӯ ва ҳайсияти як олими унвондор дар Ҷопон дар кадом сатҳ аст?

Мирзосаид Султонов: “Хеле баланд аст. Чун илм бо амал дар ин кишвар хеле наздик аст ва Ҷопон бошад, донишгоҳу донишкадаҳои хуби сатҳи ҷаҳониро дорост”.

Озодагон: Дар бораи тавассути ришваву “тағо” гирифтани унвонҳои илмӣ дар Тоҷикистон овозаҳое зиёде ҳастанд, дар Ҷопон ҳам ин гуна амалҳои номашруъ вуҷуд дорад?

Мирзосаид Султонов: “Хушбахтона ришвагириву ришвадиҳӣ нест. Аммо шароит барои фаъолият новобаста аз миллат ва дороӣ барои ҳама фароҳам аст. Муваффақияти Ҷопон ҳам дар ҳамин аст”.

Озодагон: Танҳо Шумо ҳастед, ки дар Ҷопон ба фаъолиятҳои илмӣ машғулед ё боз шаҳрвандони дигари Тоҷикистон ҳам ҳастанд?

Мирзосаид Султонов: “Тақрибан 15-20 ҷавони тоҷик ҳастанд. Аксарият донишҷӯянд. Як ду нафари муваффақ ҳам ҳастанд, ки унвон гирифтаву фаъолияти илмӣ доранд”.

Озодагон: Шумо аз натиҷаи таҳқиқотҳои илмии худ барои ҳалли мушкилоти Тоҷикистон пешниҳодоте ба ҳукумат ё ниҳодҳои дигари масъул кардед?

Мирзосаид Султонов: “Не, ман танҳо натиҷаҳои кори худро дар маҷаллаҳои байналхалқӣ нашр мекунам. Агар лозим бошанд, ҳама озодона метавонанд дастрас намоянд. То ҳол каме таҳлилҳои иқтисодӣ дорам, ки чоп шудаанд. Қисми зиёдаш ҳоло нашр нашуда ва моҳҳо ё солҳои наздик чоп ва дастраси мардум мегарданд”.

Озодагон: Нияте доред, ки дар бораи мушкилоти Тоҷикистон ҳам таҳқиқоти алоҳида дошта бошед?

Мирзосаид Султонов: “Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистон аст. Аз ин пас оид ба дигар масоили иқтисодии байналхалқӣ хоҳам навишт. Чунки навиштаҳоям бо мавзӯи дарсҳоям бояд наздик бошанд. Аз моҳи апрел сар карда дар мавриди иқтисодиёти ҷаҳон ва Осиё дарс бояд диҳам”.

Озодагон: Шумо бо таҷрибае, ки дар Ҷопон бардоштед барои пешрафтҳои илм дар Тоҷикистон чӣ пешниҳод доред?

Мирзосаид Султонов: “Бахши аъзами таҳқиқоти ман дар мавриди таъсири муҳоҷират ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Албатта натиҷаҳои таҳқиқоти ман ба таҳқиқотҳои дигарон дар ин мавзӯъ илова хоҳанд буд”.

Озодагон: Саломат бошед, ҷаноби профессор. Умедворем, ки бештар муваффақ бошед. Худо кунад, ки сафи Шумо барин олимони тоҷик дар хориҷ зиёд гардад ва барои пешрафти Тоҷикистон ақлу андешаатон истифода шавад...

Мирзосаид Султонов: “Ташаккур, лутф кардед. Мо ҳам орзумандем, ки Тоҷикистон пешрафтҳое дошта бошад ва мояи шарафу ифтихори мо буд, ки агар дар ин пешрафтҳо саҳм медоштем”.

МАЪЛУМОТИ “ОЗОДАГОН”:

Мирзосаид Султонов cоли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро дар шаҳри Душанбе бо ихтисоси иитисодиёти чаҳон баҳайси иқтисодчии байналмиллалӣ ва донандаи забони инглисӣ хатм кардааст. Солҳои 2001 - 2008 ходими илмии Институти таҳқиқоти иқтисодии назди Академияи улуми Тоҷикистон буд. Моҳи апрели соли 2008 ҳамчун донишҷӯйи таҳқиқотгар омӯзиши худро дар бахши иқтисодиёти Донишгоҳи Кобеи шаҳри Кобеи Ҷопон идома додааст. Соли 2009 ба курси дуктуро дар бахши иқтисодиёти Донишгохи Кобе дохил шуда, мохи феврали соли 2013 унвони доктории худро бо муваффаққият ҳимоят намудааст. Солҳои 2013-2015 устоди Донишгоҳи Кобе ва Донишгоҳи Осака Гакуин. Аз апрели соли 2015 ба баъд ба сифати “ассошиейт профессор” дар Донишгоҳи Тохоку Коеки ба тадрису таҳқиқ иштиғол меварзад.

Мавзӯии кори илмии у таъсири интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Дар он омилҳои асосии макроиқтисодие, ки ба интиқоли маблагҳо таъсир мерасонанд ва ҳамчунин таъсири интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба рушди иқтисодиёт, сатҳи воридот, истеъмолот ва сармоягузорӣ мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст. Пажуҳиши мазкур таҳти назорати донишмандони ҷопонӣ ва бо истифода аз услуб ва равишҳои пешрафтаи омориву иқтисодӣ сурат гирифта, яке таҳқиқоти фарогири макроиқтисодӣ дар умури таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ва интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирон ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.

Тибқи пажуҳиши ӯ, иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз иқтисодиёти дигар кишварҳои дунё ба вуруди маблағҳои муҳоҷирон вобаста мебошад. Яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди кишвар дар 10 соли охир афзудани истеъмолот аз тарафи аҳолӣ буд. Омили афзоишдихандаи истеъмолот бошад вуруди босуботи маблағҳои муҳоҷирон ва дар пайи он зиёд гардидани воридоти молу маҳсулоти истеъмолӣ аз хориҷ мебошад. Пажуҳиши мазкур нишон медиҳад, ки набудани сиёсати мувофиқ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва шароити номувофиқи ташкили соҳибкорӣ дар дохили кишвар боиси афзоиши вобастагии Тоҷикистон аз маблағҳои муҳоҷирон гардида, фоиданокии ин васоили пулиро кам мегардонад.

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)
Мӯҳр
ОФАРИН ВА ТАБРИК, БАРОДАР!!!

ХУДОВАНД БОЗ АЗ ИН ХАМ БА КУЛЛАХОИ БАЛАНДТАРИ ИЛМ БИРАСИ!!!

ТОЧИК АЗ АЗАЛ МАРДУМИ БОСАВОДУ БОМАЪРИФАТ БУД. ВАЛЕ МУТААСИФОНА БО СИЕСАТИ ПЕШГИРИФТАИ ХУКУМАТАМОНУ БО ШАРИКХОИ СТРАТЕГИАМОН, ХАМЧУН РУССИЯВУ УЗБАКИСТОН ЯКЕ АЗ КАФОМОНДАТАРИН ДАВЛАТИ ДУНЕ ХАСТЕМ.

Mahmud
Moshaallah. Ahsan barodari giromi. Muborak boshad baroyad in unvon. Baroyat burdbori va koyobihoi ziyod khohonam. ALLOHU AKBAR

Офарин бар ин олими тоҷик! Аҳсан. Тоҷикистонро обод кунед!

кулоби
786
Салом. Табрик бародар. Бозам мувафакиятхо орзу мекунем ба шумо ва тамомии фарзандони дур аз ватан ва ошики ватаннамон.
Ду савол доштам.
1.Назари шумо дар бораи " иктисоди муковимати" чист?
2. Шумо хамчун прафесор чи навъ иктисодро барои кишварамон дар шароити феъли ва кунуни пешниход мекунен.? Ташакур сарбаланд бошед.

.
Бародар табрик, лекин аз хад зиед пиар карди. Аз ту пеш садхо нафар рисолахаои докториро дар Америкаву Австралия дар университетхои бонуфуз химоя карданд, лекин ин кадар овозаву таргоза накарданд. Ту хамон точики хакикии таърифак хасти.

Муборак
.,
Гури бахил танг аст,бародар.Вай бехтарин кор кардааст. Табрикаш мегуем Муваффак бошад!

Точиконро факат филология профессор мекунад, акнун демография пайдо шуд, табрик...

,
.,
Ha nuktacha commenthoi bemani karda istodai. Alam kard chi?

ор
,,

Ман шахсан 6 сол пеш рисолаи докториро дар ИМА химоя кардам. Ин ягон кори фавкуллода нест, кори мукаррари аст. Рафикони точике дорам, ки аз универститети Колумбия ва Пенсилвания, ки ба дахаи бехтарин университетхои чахон шомиланд, унвони доктори гирифтаанд. Ягон хочати пиар кардан надорад. Бовар дорам ин бача аслаш аз кишлок аст. Кишлокихо хамин гуна корхоро дуст медоранд.

Justice
Офарин бародари азиз! Аз даргохи Аллох бурдборихои навро хохонам!

...
Yak nafare navishtaast:
,,

Ман шахсан 6 сол пеш рисолаи докториро дар ИМА химоя кардам. Ин ягон кори фавкуллода нест, кори мукаррари аст. Рафикони точике дорам, ки аз универститети Колумбия ва Пенсилвания, ки ба дахаи бехтарин университетхои чахон шомиланд, унвони доктори гирифтаанд. Ягон хочати пиар кардан надорад. Бовар дорам ин бача аслаш аз кишлок аст. Кишлокихо хамин гуна корхоро дуст медоранд."

Az navishtahoyash malum ast ki yak insoni badniyatest. Khayr yag inson profesor shud hej gap ne. Tu charo doctori giriftivu profesor nashudi?

ор
...,

Як чизро намефахмед аклаки мекунед. Associated Professor ин яъне ёрдамчии профессор аст. Чи бо хамин фахр кунем? Ба мо хам пешниход шуда буд ёрдачии профессор шудан. Рад кардем, чунки инро ба худ сазовор намебинем. Дар университетхои Точикистон хам хаст хамин гуна вазифа -ассистент.

Муслим
Ассалому алайкум
Бародарон
Аз бахси хамин мавзуъ хулоса кардан мукин ,ки сатхи донишу чахонбинии мо точикон то кадом дарача расидааст. Яъне ба чои тахсин тахкир мекунем якдигарро аз пеши худ хулоса мекунем ,ки ахли илм лозим нест ба мо ва дигару дигар

Аввалан, салому алейкум!
Ман ба ин бародар Султонов Мирзосаид нисбати чунин як дастовард ва гуем, ки чунин як муваффакият ноил гаштанаш дар як ватани хеле пешрафта-Чопон аз сидки дил табрик мегуям!!!
Ман шояд хамин нафарро нашиносам, лекин то чое, ки аз сухбатхо бо ин олими чавон, профессори чавон дар ин сомона маълум гардидааст, ин шахс як инсони донишманд, хоксор аст. Дар сухбатхояш ягон таърифу тавсиф ман мушохида накардам,асли гапро гуфтааст. Мухимаш ин аст, ки тавонистааст, дар як давлати мутаракки-Чопон доктори илми иктисоди чахон, ва минбаъда ба хайси профессор дар як Донишгохи бонуфуз фаъолият намояд. Ин хеле дастоварди бузург барои миллати мо аст! Мо бояд фахр кунем, ки чунин чавонои донишманду болаёкат дорем, ки миллати моро барун аз ватан муаррифи мекунанд. Аз сухбат маълум аст, ки дар Чопон хамаги 40-45 точик будааст(агар хато накунам), ин маънои онро дорад, ки дар Чопон хар нафареро рох намедиханд, холо он, ки дар Донишгох дарс гуфтан. Магар Айни, Гафуров, Кахрамонони миллат, хамчунин Эмомали Рахмон магар шахри буданд? Ин нафар хам шояд аз шахр набошад. Ба кадри чунин хамватанонамон бояд бирасем.
Баъдан чизи дигареро ман мехостам,ки дар ин чо хеле ба маврид аст, ки кайд намоям, ман чун харвакта дар баробари азназаргузаронии хабархо дар ин сомона ба "шарххо-коментхо" хам таваччух мекунам. Бародарон чаро мо нисбати хамдигар ин кадар дилсиёху бадният хастем?? Пешравии хаммиллатамонро, ки дидем мо бо у дар хурсандиаш шарикем. Магар ин дар асоси дини Ислом нест? Ё бахили кунем?! Ин гуна инсонхои донишманд дар миллати мо зиёд нестанд, инро хам бояд донем! "Комент"-сафсата навиштан осон. Хамватанони азиз, барои сухани хуб гуфтан аввал инсон бояд сухани худро фикр кунад, нисбати хамдигар дилсиёхи накунед.

Ахбор
Дар амрико ва Чопон пас аз бакалавр Мастер оф Арт хаст. Пас аз мастер Доктори хаст. Касоне доктори мегиранд бояд ду ва е зиеда тачрибаи кори дар донишгох дошта бошанд. Пас аз ин тачриба метавонед Ассистан Професор гиред, зинаи баландтар Ассошиейт Профессор аст. Зинаи аз хама баланд фул профессор Аст.
Яъне новобаста аз он ки шумо асистант, ассошиейт йо фул хастед професор хастед. Ассошийет професор баробар ба Доцент дар Точикистон ва Руссия аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)