Аз 63 курсии парлумон 51-тоаш насиби Ҳизби Президент шуд
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бар уҳда дорад, дар парлумони нав соҳиби 51 курсӣ хоҳад буд.
Усмони Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ рӯзи 5 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ин теъдод 16 нафар аз рӯйхати ҳизбӣ ва 35 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ вориди парлумон шудаанд.
Ҳизби ҳокими Тоҷикистон дар пайи интихоботи соли 2010, 55 курсии Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишварро дар ихтиёр дошт.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи якуми марти соли равон баргузор шуда, барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон 288 номзад, ки аксари онҳо намояндаи яке аз 8 ҳизби сиёсӣ буданд, вориди рақобат шуд.
Бар асоси иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, аз 4 миллиону 319 ҳазору 395 нафари дорои ҳаққи раъй, 3 миллиону 791 ҳазору 827 танашон пойи сандуқҳо омадаву овоз додаанд, ки 87,8 дарсадро ташкил медиҳанд.
Натиҷаҳои аввалияи эълонкардаи ин ниҳод ба тарафдорӣ аз аҳзоби сиёсӣ чунин аст:
ҲХДТ - 2 миллиону 482 ҳазору 267 нафар ё 65,2 дарсади интихобкунандаҳо;
ҲНИТ - 58 ҳазору 28 ё 1,5 дарсад;
ҲКТ - 87 ҳазору 112 нафар ё 2,3 дарсад;
ҲАТ - 450 ҳазору 275 ё 11,8 дарсад;
ҲИИТ - 288 ҳазору 308 нафар ё 7,6 дарсад;
ҲДТ - 64 ҳазору 547 кас ё 1,7 дарсад;
ҲСД - 18 ҳазору 875 ё 0,5 дарсад;
ҲСТ - 210 ҳазору 328 нафар ё 5,5 дарсад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |