АКС: Бедарак шудани боз як духтари 17-сола дар Душанбе
Оиша Раҳматова, сокини 17-солаи ноҳияи Рудакӣ як ҳафта пеш аз хонааш баромада бедарак шудааст. Наздиконаш мегӯянд, охирин бор ӯро дар маҳаллаи Қарияи болои шаҳри Душанбе дидаанд.
Руқия Раҳматова, модари Оиша рӯзи 5 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, духтараш 28 феврал аз хона берун рафта, то ҳол барнагаштааст. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз нашру паҳни эълон бархе аз сокинон занг зада, гуфтаанд, Оишаро дар маҳаллаи Қарияи болои шаҳри Душанбе дидаанд.
Раҳматова мегӯяд, дар робита ба гумшавии Оиша ба мақомоти пулис низ муроҷиат кардааст, вале то кунун дар бораи макони будубоши духтараш иттилое рӯи даст надоранд.
Хонум Раҳматова аз сокинон хоҳиш дорад, агар дар бораи макони будубоши Оиша иттилое доранд ё ӯро ҷое дидаанд, бо рақамҳои 915 24 08 24 занг зананд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 23 феврали соли равон дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз гум шудани се духтар аз 17 то 20-сола дар давоми се рӯз хабар дода буд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ба шуъбаи умури дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа санаи 20-уми феврали соли равон, соати 12:00 Акрамова Насиба соли таваллудаш 1996, аз хона баромада то ҳол барнагаштааст. Санаи 18-уми феврал, соати 18.40-дақиқа Муллоева Дилфуза соли таваллудаш 1995, аз хона баромада бедарак шудааст. Ҳолати сеюми гумшавии духтари ҷавон дар шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шуда, ки истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гули Сурх - Ганҷинаи Икромзод соли таваллудаш 1998 санаи 19-уми феврал, соати 10:00-дақиқа аз хона баромада то ҳол барнагаштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |