Қоида ва тағйироти нав дар Маркази миллии тестӣ
Маркази милии тестии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки номнавис кардани довталабонро имсол, аз 2-юми март оғоз намуд, чанд қоидаи навро дар низоми қабул роҳандозӣ кардааст.
Номнавис кардани довталабон то 15-уми апрел давом карда, дар 24 шаҳру навоҳии кишвар 26 нуқта барои номнавис таъсис шудааст. Имсол барои номнавис кардани довталабон ҳамчунин 6 нуқтаи сайёр дар 15 шаҳру навоҳӣ ташкил гардидаанд.
Ба иттилои маркази матбуотии ин ниҳод имсол довталабон имконият доранд, ки аз рӯйи як гуруҳи ихтисосҳо то 12 ихтисос ( соли гузашта танҳо 10 ихтисос)-ро интихоб кунанд. Ҳамчунин имсол аз довталабон маълумотномаи тиббӣ талаб карда намешавад.
Нуқтаҳои сайёри Маркази миллии тестӣ дар Роғун, Тавилдара, Тоҷикобод, Файзобод, Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ, Балҷувон, Темурмалик, Ховалинг, Муъминобод, Шӯрообод, Ванҷ, Дарвоз, Ёвон ва ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият мекунанд, ки масъулияти номнавис кардан ба дӯши шуъбаи маорифи ин шаҳру навоҳи вогузошта шудааст.
Ҳамчунин Маркази миллии тестӣ хабар додааст, ки имсол Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил гардида, Консерваторияи миллии Тоҷикистон аз низоми имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ бароварда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |