Бахшҳо

Ноиби Медведев: Тоҷикон бидуни тарки Русия патент мегиранд...

Игор Шувалов, ноиби аввали Дмитрий Медеведев, сарвазири Русия гуфтааст, ки муҳоҷирини тоҷик метавонанд патентҳои дар соли 2014 гирифтаашонро бидуни тарки қаламрави Русия аз нав ба қайд гиранд.

Ин тавофуқ дар пайи иштироки сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода дар нишасти Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба даст омадааст.

Шувалов гуфтааст, ки муҳоҷирини меҳнатиии Тоҷикистон, ки дар соли 2014 патент барои корро соҳиб шудаанд акнун, метавонанд бо муроҷиат ба ниҳодҳои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ҳмуддати як моҳ патенти навро бигиранд. То ин замон муҳоҷирини тоҷик барои соҳиби патенти нав шудан маҷбур буданд, ки қаламрави Русияро тарк кунанд ва бо дубора ворид шудан ба Русия соҳиби патент гарданд.

Хадамоти матбуотии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав дар ин робита инчунин хабар додааст, дар ин нишаст дар баробари баррасии масоили ҳамкорӣ дар умури иқтисод, тиҷорат, молия, иртиботот, энержӣ ва масоили ҳамкорӣ ва танзими муҳоҷирати корӣ низ дар меҳвари суҳбатҳо қарор доштанд.

Тоҷикистон, ки ба иттилои ғайрирасмӣ бештар аз 1 миллиюн муҳоҷири корӣ дар Русия дорад, ин кишварро шарикӣ стратегӣ дар муносиботи хориҷии худ медонад ва баиттилои сарвазири Тоҷикистон танҳо дар соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар 1,2 миллиард долларро ташкил додааст.
Мӯҳр
мухочир
алакай ин конун дер шудаги мардум алакай хама рафтан мебоист мухлати патенгириро то3мох дарозмекард ин конун зарурр барои мо охир дар30руз 40 000 сум ефтан хело мушкил аст

Он карордоде ки ЧО бо Путин барои пойгохи 201 имзо намуда буданд ки гуё чанд намуд сабуки барои мухочирони мехнати дошт..! КУЧО ШУД?ВА САВОЛИ МО ХУКУМАТДОРОНИ МО ИН КИ ЧИ ТАЛОШХОЕ БАРОИ ГИРИФТАНИ ИН ХАКИ МО КАРДАНД ? ?

Хамин точикхои моро баъд аз нол хисоб мекунанд.шумо хукуматдоронро хам баъди хафтто нол.мухочир,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)