Маҳкумияти тоҷик барои таблиғи терроризм дар наздикиҳои Муғулистон
Додгоҳи ҷумҳурии Туваи Федератсияи Русия, ки дар сарҳад бо Муғулистон қарор дорад, имрӯз, 4-уми март шаҳрванди Тоҷикистон, Наимҷон Қодировро барои таблиғи созмони террористии “Ҳизб-ут-Таҳрир” ба 5 солу 4 моҳи зиндон ва 150 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои додситонии Тува, Қодиров ҳанӯз соли 2005 дар шаҳри Истаравшани Тоҷикистон ба ҳайати “Ҳизб-ут-Таҳрир” ворид шуда, 12-уми июни соли 2012 барои ҷалби аъзои нав ба ин созмон ба шаҳри Қизили Тува омадааст: “Қодиров дар ин ҷо ба таблиғизи созмоне, ки дар Русия террористӣ эълон шудааст, машғул шуда, дар талоши ҷалби аъзои нав ба ин гуруҳ будааст”.
Манбаъ мегӯяд, додгоҳ бо назардошти он, ки Қодиров гуноҳашро эътироф кардаасту се фарзанди хурдсол дорад, ба ӯ ҷазои нисбатан сабук 5 солу 4 моҳи низомаш умумӣ таъин кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |