Бахшҳо

Шурӯи сабти номи довталабон ба Маркази миллии тестӣ

Маркази миллии тестӣ шурӯъ аз рӯзи 2 март бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавии соли 2015 ба донишгоҳҳои кишварро оғоз кардааст.

Аз ин марказ ба “Озодагон” гуфтанд, бақайдгирии довталабон то 15 апрел идома ёфта, дар ин давом хоҳишмандон метавонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои асосӣ -- шиноснома, маълумотнома аз мактаб, аттестат ва пардохти маблағи иловагӣ, ки 170 сомониро ташкил медиҳад (ятимони кулл пурра аз пардохти ин маблағ озод буда, нафароне, ки яке аз саробонашонро аз даст додаанд, танҳо 50 дарсади ин маблағро мепардозанд) худро сабти ном кунанд.

Ин ниҳод мегӯяд, вобаста ба теъдоди умумии хатмкунандагони соли 2015 дар 24 шаҳру навоҳии интихобии ҷумҳурӣ 26 нуқтаи бақайдгирӣ ташкил шуда ва ҳамчунин дар 15 шаҳру навоҳии дигар таъсиси қуттии сайёр дар назар аст. “Соли ҷорӣ 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (аз ҷумла, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон) ва 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил гардида, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов аз низоми ИМД бароварда шудааст”,-мегӯяд манбаъ.

Ба иттилои Маркази миллии тестӣ, имсол довталабон ҳуқуқ доранд, дар доираи як гуруҳи ихтисосҳо (кластер) бо назардошти муассисаи таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, то 12 ихтисосро интихоб кунанд: “Соли гузашта довталаб ҳуқуқи интихоби танҳо 10 ихтисосро дошт”.
Мӯҳр
Барои кабул ба Донишгохи тиббии Точикистон ба номи Абуали Сино имсол хам махал ва имтиёз дар чойи аввал гузошта мешавад ва ё донишро хам ба хисоб мегиранд? Лутфан Озодагон бо хамин савол як ба маркази миллии тести мурочиат намоед. Соли гузашта агарчи бали нихоиро 500 эълон карданд, вале бали гузариш дар бахши бучавии ин донишгох 550 эълон шуд ва ба ин шуъба тибки дастури Вазири тандурсти имтиёз асосан ба довталабон аз вилояти Хатлон дода шуда буд. Довталабони беимтиёз хатто бо гирифтани бали нихои хам натавонистанд ба шуъбаи бучави дохил шаванд. Ман бачаамро ба донишгохи тибби супоридани, вале имтиёз надорад. Мардум мегуянд, ки агар имтиёз надошта бошад бехуда насупорам. Шумо чи маслихат медихед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)