Аграриҳо: Фраксияи нав дар парлумон
Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар парлумони Тоҷикистон панҷ курсӣ хоҳад дошт.
Ин ташкилоти сиёсӣ имрӯз, 3 март бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ба ҷуз аз се мандат, ки тавассути рӯйхати ҳизбӣ соҳиб шуданд, ду номзади онҳо дар ҳавзаҳои якмандатӣ низ пирӯз гардидаанд.
Акмал Рустамӣ, котиби раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, Зайниддин Сафаров, муовини раиси ҲАТ дар ҳавзаи якмандатии Восеъ, 39 ва Аҳмадҷон Қобилов, муовини раиси вилояти Суғд дар ҳавзаи Спитамен, 25 бо дарёфти орои бештар, ғолиб омадаанд.
Рӯзи гузашта (2 март) Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро эълон кард. Ба гуфтаи Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбарни КМИР ба ҷонибдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон 450 ҳазору 275 интихобкунанда раъй додаанд, ки 11,8 дарсадро ташкил медиҳад.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳар ҳизбе, ки дар парлумон соҳиби панҷ курсӣ аст, метавонад фраксия ташкил кунад.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2005 таъсис ёфтааст. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ба дарёфти ду курсӣ муваффақ шуда буд. Ба иддаои масъулин ҲАТ 47 ҳазор аъзо дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |