Политтехнологҳои ҷадиди ҷаҳон қодиранд мардумро ҷанг андозанд
Амонҷон МАҲКАМОВ
Холиқназар Худойбердиев, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷавонон муроҷиат карда, гуфт, ки Паёми Президенти кишварро хуб дарк кунанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва мазҳабҳои гуногуни исломӣ напайванданд. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки намояндагони ин гурӯҳҳои зикргардида, бо андешаҳои ғаразноку тундгароёнаи худ, мехоҳанд ҷавононро бо ҳаргуна роҳу равиш фиреб дода, онҳоро ба манфиаташон истифода кунанд.
-Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар Тоҷикистон, эътиқоди динӣ озод аст ва ҳеҷ кас нафареро маҷбур намекунад, ки пайрави ин ё он дину оин бошад. Исломе, ки дар мо ва дигар мамлакатҳои Осиёи Миёна ҳасту беш аз пеш бо мазҳаби Имоми Аъзам, равнақ дорад, дар дигар кишварҳо ва ҳатто дар баъзе аз мамолики исломии дунё дида намешавад. Ҳамчунин ҷаноби Холиқназар Худойбердиев, афзуд, дар ҳоле, ки аксари мусулмонони ҷаҳон аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанду мазҳаби воқеан бузурги Имоми Аъзамро пайравӣ мекунанд, чаро ва ба чӣ хотир ҷавонони мо руҷуъ ба мазҳабҳои кишварҳои бегона кунанд?,- мегӯяд, Х. Худойбердиев.
-Имрӯз баъзе аз ҷавонони мо ба доми фиребу найрангҳои дигарон афтида, ба кишварҳои Ироқу Сурия мераванд ва худро қурбони ҷангҳои беҳудаи фитнагарон мекунанд. Ҳамчунин Холиқназар Худойбердиев, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот дар шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба шарҳу эзоҳи паёми имсолаи сарвари давлат, гуфт, ки «Баъзе аз муҳоҷирон мутаассифона, ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро афтода, аз тариқи Русия ба ҷангҳои Ироқу Сурия роҳ мегиранд, ки ин нанговараст барои миллати тамаддунофари мо. Зиддиятҳои миёни ҷангҷӯён барои ба даст овардани манбаҳои бойи кишварҳо мебошанд, ки аз он манфиатхоҳон баҳравар мегарданду шахсони бегуноҳ қӯрбони он мешаванд.
Холиқназар Худойбердиев, дар идомаи суханрониаш аз вазъи дигар кишварҳои ҷангзада ёдовар шуда, афзуд, ки вазъияти имрӯзаи Украина ба ҳамаи мову шумо равшан аст. Яъне имрӯз, дар ҷаҳон политтехнологҳои ҷадиде пайдошуданд, ки дар ҳаммаи кишварҳо қодир ҳастанад мардумро фиреб кунанд ва ба якдигар ҷанг андозанд. Дар хотимаи баромадаш Холиқназар Худойбердиев, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ҳарф зада, аз ҷумла, зикр намуд, ки «бояд ба насли ҷавоне, ки дилаш дар ҷӯш аст ва таҷрибаи рӯзгор надорад, таваҷҷуҳ зоҳир намуда бошем. Пайваста аз маърифати инсонӣ, дини мубини ислом, ки ҳадафаш парҳез, ваҳдат ва нексириштӣ аст, бархурдор кунем», -таъкид намуд, Холиқназар Худойбердиев.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |