Бахшҳо
02 мар 2015 19:29Ҳуқуқи инсон

Маскункунӣ, набудани модда ва мавриди амал қарор гирифтани он

Афзал БОСОЛИЕВ

Маскункунӣ имрӯз аз мушкилоти асосӣ барои сокинон ва ҳам ҳуқуқшиносон боқӣ мондааст. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ҳарчанд, ки дар қонунгузорӣ моддаи маскункунӣ мавҷуд набошад ҳам, вале аз тарафи судҳо пас аз ҷудо шудани ҳамсарҳои чавон собиқ келинҳо дар хонаи хусур ва хушдоман маскун карда мешаванд, ки ин хилофи қонун аст.


Аз рӯи маълумоти Хонаи ақди нигоҳи шаҳри Хуҷанд давоми соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд 1893 оила бунёд шудааст. Аз ин шумора тибқи маълумоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 409 оила барҳам хӯрдааст. Сабабҳои пошхӯриии оилаҳо гуногун арзёбӣ карда мешавад. Аммо мушкилоти асосӣ пас аз пошхӯрдани оилаҳо ин маскуншавии собиқ келинҳо дар хонаи хусур ва хушдоман маънидод мегардад. Қаҳрамони моро, ки шартан худро Фирӯза ном мебарад , маскуншавии келинаш дар хонааш нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд дар манзиле ки ҳамроҳи шавҳараш 32 сол ин ҷониб зиндагӣ мекунаду ба номи онҳо таалуқ дорад, судиҷрочиҳо тӯли се сол мешавад ки собиқ келинашро оварда дар он хона маскун мекунанд.
“Соҳибмулк шавҳари ман мебошад. Ман ҳамчун зан ҳақ дорам ба он хона лекин имрӯз лелини ман ҳақ надорад, барои он ки вай ягон хишти онро нагузоштааст, вале имрӯз бошад вайро судиҷрочиҳо қуқуқдор карданд, ки ба 12 метри мураббаъ нишинад. Вай ҳақ дорад ба ошхона даромада хӯрок пазад ва дар ҳаммомхона шустушӯ кунад. Даводавии мо се сол ин ҷониб идома меёбад. Мо хонаро ба дуввум одам фурӯхтем, ҳоло ҳам собиқ келинам даъво мекунад. Хонаро аз мо харидагӣ одам ҳам ба ин ҷангҷолҳо тақат карда натавониста ба саввум одам фурӯхт ва хонаи ӯ низ доир ба ин масъала ҷангҷолӣ шуд. ”

Қаҳрамони дигари мо тӯли 4 сол аст, ки бо ин мушкилӣ рӯ ба рӯ аст ва иброз медорад, ки ба куҷо муроҷиат кунад, то ҳуқуқҳояш поймол нагардад, зеро ки дари накӯфтагию роҳи нарафтагиаш намондааст.
“Ҳамин келинҳое ки 3 моҳ зиндагонӣ мекунанд, судҳо 6 моҳ гуфта тарафҳояшонро мегиранд. Мо ҳам қарздор шудем фарзандам ба Руссия рафт, то ҳамин қарза тамом кардан собиқ келинам нахост, ки зиндагӣ кунад ва худаш бо хоҳишаш баромада рафт. Боз аз болои мо шикоят навишта моро бадном мекунад. Бояд ки келинҳо забони шавҳарашонро ёфта зиндагонӣ кунанд. Аз шавҳарашон худашон мероси фарзандиашонро талаб намоянд, аммо онҳо тамоман ҳуқуқи манро поймол кардаанд. Ман бо меҳнати худам хонаи гирифтагиамро вақте ки қарздор шудем фурӯхтем ва боз судҳо ҳатто ба саввум одам, ки хонаро харидааст ӯро маскун карданд. Хонаи саввум одам ҳам вайрон шудаистодааст, зеро ки судҳо мегӯяд келин ки дар ҳамин хона маскун шуд ҳуқуқ дорад, ки зиндагӣ кунад.”

Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшинос Муҳаббат Ҷӯравева маскуншавиро равиши нодуруст арзёбӣ намуда мегӯяд мутаасифона маскункунӣ аз тарафи судиҷрочиҳо ба назар мерасад, ҳол он ки дар қонунгузорӣ моддаи маскуншавӣ мавҷуд нест ва ин кор ғайриқонунӣ аст.
“Солҳои Шӯравӣ ҳамин маскун дар куҷое як бор истифода шуда буд ва ҳоло ҳам ҳамин хел омада истодааст, лекин дар қонунгузорӣ ин хел модда нест. Ин ҳамин як равиши нодуруст аст, ки аз тарафи мақомоти судӣ идома ёфта истодааст, вале ин беасос ва ғайриқонунӣ мебошад, ки ҳуқуқи соҳибмулкҳоро вайрон карда истодааст. Маскун бояд танҳо барори ҳимояи кӯдакони ноболиғ дар ҷои зисти доимии падар ва модари онҳо, ки манзил ба ӯ таалуқ дошта бошад равона карда шавад, на ин ки ба манзили ба хусур ва хушдоман, ки хона ба онҳо таалуқ дорад. ”

Иноятулло Ғуломзода раиси суди ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дар робита ба ин масъала гуфт, дуруст аст, ки дар қонунгузорӣ ин гуна модда нест аммо мутобиқ ба кодекси манзили ЧТ ин масъала баррасӣ карда мешавад:
“Дар қонунгузории манзили ҶТ дар Кодекси граждании ҶТ ва ё дар Кодекси оилаи ҶТ ягон модда ва ё меъёри алоҳида дар масъалаи маскуншавӣ пешбинӣ нашудааст, аммо аз рӯи моддаи 122 Кодекси манзили ҶТ аъзои оилаи молик ҳуқуқ доранд бо молик яъне соҳиби хона баробар истиқомат кунанд, қоидаҳои истифодабарии манзилро риоя кунанд. Онҳо ҳуқуқ доранд ҳатто фарзандони ноболиғи худро дар ин манзил ҷой диҳанд. Аз ин рӯ суд такя ба ҳамин моддаҳо, ки агар аъзои оила эътироф шуда бошад бо ҳалномаи худ маскун менамояд. Агар молик дигар шахсони бегонаро яъне ки келин домодро бо розигии худ ба манзилаш маскун кунад, яъне тӯй мекунад келин мекунад. Тӯй карда ба хона овардан аз чи шаҳодат медиҳад яъне ӯ розӣ аст ки ҳамон шахс ба хонаи ӯ маскун карда шавад, истиқомат кунад. Агар шахси маскуншуда бо молики хона истиқомати доимии воқеӣ дошта бошад, на як рӯзу як моҳ агар аъзои молик эътироф гардад албатта даъвоҳо оиди маскун гардонидан ба манзили истиқомати қонеъ карда мешавад”.

Коршиносон роҳи ягонаи пешгирӣ намудан аз ин ҳолатҳоро дар бастани шартномаи тарафайн пеш аз ақди нигоҳ арзёбӣ мекунад. Ҳарчанд, ки инро қонунгузорӣ муайян намуда бошад ҳам вале дар амал он татбиқ карда намешавад. Аммо дар дигар давлатҳо аз ин шева кор мегиранд ва баҳсҳо низ сари ин масъала қариб ки ба назар намерасанд. Дар вақти зиндагии якҷоя онҳо бояд ки шартномаи ақди нигоҳ банданд ва дар он ҷо тамоми шарту шароитҳо ки дар вақти вайрон шудани оила фарзандҳо бо ки мемонад, ҷиҳати таъминоти онҳо бо манзил чи гуна мешавад ва ҳама ҷихатҳо, ки эҳтимолияти пайдо шудани баҳс мегаранд бояд ки дар он қайд карда шавад, изҳор медоранд ҳуқуқшиносон. Аммо дар шаҳри Хуҷанд ангушшумор нафароне ҳастанд, ки ҳангоми оила барпо кардан чунин шартнома мебанданд. Сабабашро масъулин дар ихтиёри будани шартнома вобаста мекунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)