Бахшҳо
02 мар 2015 19:22Ҳуқуқи инсон

Наҷмиддин дар Русия кор мекунад ё дар Сурия меҷангад?

Қамари АҲРОР

Волидони Наҷмиддин Ҳошимов сокини ҷамоати Тағояки ноҳияи Спитамен мегўянд, ки панҷ сол боз аз сарнавишти фарзанди хонадон хабар надоранд. Боздошт ва ҳабси Акмал Ҳошимов бо ҷурми тундгароӣ боиси он шудааст, ки бародараш Наҷмиддин дигар тамоси телефонӣ бо хонаводаашро қатъ кунад. Ҳоло маълум нест, ки Наҷмиддин дар Русия кор мекунад ё дар Сурия меҷангад?

Наҷмиддин Ҳошимов ҷавони 34-солаи ноҳияи Спитамен дар соли 2009 мисли даҳҳо дигар ҳамсолони худ барои ҷустуҷўи кор роҳи муҳоҷирати Русияро пеш мегирад. Ба гуфтаи волидон Наҷмиддин дар кишвари муҳоҷират ба зудӣ кор пайдо мекунад. Ў дар сохтмонҳои Русия ба ҳайси устои таъмиргар фаъолият карда, барои пешбурди зиндагии хонаводааш дар Тоҷикистон кўмак мекард. Аммо он сол вақте маъмурони милиса бародараш Акмал Ҳошимовро дар манзили зисти онҳо дар ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен бо ҷурми узвият дар созмони тундгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт мекунанд, бо ин дигар тамоси телефонии ў бо волидонаш қатъ шудааст. Ёқубҷон падари Наҷмиддин мегўяд, ки хабари боздошти фарзандаш Акмал ўву аҳли хонаводаашро хавотир кард. Ба гуфтаи Ёқубҷон аслан аз пайвандии писараш Акмал ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ хабар надошт ва кӣ ва ё чи чиз ўро ба ин роҳ бурд барои онҳо рушан набудааст.
«Ба мо занг мезад, аҳволпурсӣ мекард. Аммо вақте писари севвумамро боздошт намуданд ба ҳамин намедонам чи шуд, ки дигар занги телефониаш бо мо қатъ шуд. Намедонам барои чи. Чаро занг намезанад, мумкин тарс дорад, инашро худаш медонад, барои мо маълум нест. Мо намедонем, ки ў дар куҷо қарор дорад».



Акмал Ҳошимов бародари Наҷмиддин бо қарори додгоҳи Суғд бо ҷурми пайвандӣ ба гурўҳи мамнўъи тундгароӣ ба 25 соли зиндон маҳкум гардидааст. Хабари ҳабси Акмал дигар боиси қатъ шудани тамоси бародараш Наҷмиддин аз Русия бо волидонаш шудааст. Ба гуфтаи Ёқубҷон 5 сол мешавад, ки аз сарнавишти писараш Наҷмиддин хату хабаре надорад. Ў дар куҷо қарор дорад ва чи рўзгореро аз сар мегузаронад ҳанўз барои онҳо маълум нест.
Ҳини сафар ба деҳаи Тағояки ноҳияи Спитамен мо танҳо акси Наҷмиддин ро пайдо кардем ва он ҳам дар тоблўе, ки мақомоти милиса феҳристи фирориёни деҳаро мунташир кардааст. Дар қатори 18 нафари ҷустуҷўшаванда Наҷмиддин ҳам ҳаст, ки ба гумони шомил шудан ба гурўҳи ифротгароӣ айбдор дониста мешавад.

Русия-харитаи сафари ҷавонони тоҷик ба «ҷиҳод»

Уғулой Шерназарова котиб дар ҷамоати деҳоти Тағояк дар ноҳияи Спитамен мегўяд, ки баъзе аз ҷавони деҳоти ҷамоат солҳост, ки аз роҳи муҳоҷират бедарак шуда ва ба эҳтимоли зиёд онҳо ба гурўҳҳои ифротгаро пайваставу ба ҷангҳои Сурия рафтаанд.
«Шаш нафар ҷавонони мо дар кофтуков қарор доранд. Онҳо аз солҳои 2010-ум дар ҳудуди ҷамоат ҳозир нашудаанд. Онҳо аз ҷамоат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дигар барнагаштаанд. Эҳтимол онҳо ба ҷангҳои Сурия рафтаанд. Инҳо ҳама сокинони танҳо деҳаи Тағояк мебошанд».



Қурбонзода Шариф собиқ прокурори вилояти Суғд дар ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳод дар ҳузури рўзноманигорон таъкид кард, ки дар тўли соли 2014 43 парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда ва ба судҳо фристода шудаанд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии зиёд ба қайд гирифтани ҷиноятҳои вазнин асосан ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои самти террористӣ ва эктремистӣ мебошанд. Аз ҷумла дар ин давра 173 ҷиноятҳои хусусияти эктремистиву терористӣ дошта ошкор гардида, нисбати 123 нафар 43 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Нафарони чунин ҷиноятҳоро содир карда асосан аъзои ҷамоати “Ҷабҳат-ун-нусрат”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизби исломии Туркистон” “Давлат-ул-ислом” ва “Ансоруллоҳ” мебошанд. Алҳол 102 нафар айбдоршавандагон бо ҷурми содиркунии чунин ҷиноятҳо дар кофтукови расмӣ қарор доранд”.



200 шаҳрванди Тоҷикистон дар сарҳади маргу зиндагӣ

Ин танҳо шумори парвандаҳое, ки аз гароиши ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро мегуяд, вале ҳиҷрати ҷавонон ба «ҷиҳод» ва иштироки онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Фаластин равандест, ки дар ин авохир рў ба густариш будааст. Боздошти Комил Раҳматов сокини 45 солаи Спитамен аз роҳи сафар ба «ҷиҳод» дар Фаластин нахустин мисоли як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ва бар пояи омори мақомоти Тоҷикистон то 200 шаҳрвандони ин кишвар имрўз алайҳи режими роҳбарон дар Сурия дар ҷангҳо иштирок доранд. Воқеан ҳодисаҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ё бо ин иттиҳом боздошт шудани онҳо, ки дафъаҳои ахир дар робита ба ин хабарҳо зиёд нашр мешаванд бештар аз ҳама волидонро нигарон кардааст.
Маъмури Юсуфзод як рўзноманигори маҳаллӣ мегўяд, ки сатҳи пасти маърифати ҷавонон, ки онҳоро ғарқи мушкилот гардонидааст, ноилоҷ бархеи ҷавононро ба думи гурўҳҳое мепатояд, ки аз ҷониби давлат ғайриқонунӣ маҳсуб дониста шудаанд.
«Ба фикри ман яке аз омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки имрўз онҳо гурўҳҳои терористиву ифротгароёна ном мебаранд, ин пеш аз ҳама суст ва ё умуман холӣ будани фазои идеологии маҳалҳо минтақаҳо мебошад. Зеро агар имрўз дар муқоиса ба замони Шўравӣ нигоҳ кунем идеологҳои мо ба фисади 2 ҳам кор карда наметавонанд. Он идеологияе, ки дар минтақаҳо, ноҳияҳо шаҳрҳо вуҷуд доранд, ҷавобгўи талаботи замон нест».

Хуҷанду Исфара ва Истаравшану Спитамен мегўянд, коршиносон дар гузашта аз шаҳрҳои саноатии Тоҷикистон маҳсуб дониста мешуданд, вале акнун дар рўйхати мақомотҳои Тоҷикистон чунин шаҳрҳо аз минтақаҳои доғи кишвар башумор мераванд гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ ва ҳам иштироки онҳо дар ҷангҳо дар Сурия нигаронкунанда будааст. Агар бархе бехабар ба узвияти гурўҳҳои даъваткунандаи характери экстремистӣ ҷалб шаванд, дигарҳо баръакс огоҳона ба ин кор ҷалб шуда, боз пайравони дигарро ба сафи худ ҷалб мекунанд. Дар натиҷа сарнавишти наврасону ҷавонони зиёди гумроҳ таҳти хатар мемонад.


Наҷмиддин дар  Русия кор мекунад  ё дар  Сурия  меҷангад?

Наҷмиддин дар  Русия кор мекунад  ё дар  Сурия  меҷангад?
Uguloy-SHernazarova-kotibi-jamoati-Tagoyak.mp3 [352.65 Kb] (зеркашиҳо: 1)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)