Боздошти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Қумсангир
2 март 2015, 11:49
Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Қумсангир ва номзади пешбаринамудаи ин ҳизб ба вакили ноҳияӣ аз сӯи маъмурини пулис боздошт шудааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 2 март ба “Озодагон” гуфт, Саидбурҳонов тахминан соатҳои 16:30-и рӯзи гузашта дар роҳ ба сӯи шаҳри Душанбе дар баромадгоҳи ноҳияи Қумсангир боздошт шудааст.
Ба гуфтаи Файзраҳмонов, маъмурини пулис дар шарҳи боздошт танҳо гуфтаанд, бо ӯ суҳбате доранд ва ӯро ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳия интиқол додаанд: “Мо ҳар ду озими пойтахт шудем, вале дар баромадгоҳи ноҳия мошини моро кормандони ГАИ нигоҳ доштанд ва ба Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов гуфтанд, бо ӯ суҳбате доранд ва бояд ба шӯъба бурда шавад”.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло ҳам раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Қумсангирро раҳо накардаанд.