Бахшҳо

Ҳеч номзади ҲНИТ дар ҳавзаҳои якмандатӣ пирӯз нашудааст

Ситоди интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар ягон ҳавзаи якмандатӣ номзадҳои онҳо пирӯз эълон нашудаанд.

Муҳаммадкарими Орзӯ, муовини раиси ҲНИТ ва ҳамзамон ҳамоҳангсози Ситоди интихоботии ҲНИТ рӯзи 2 март дар суҳбат бо ozodagon.tj гуфт, “мутаассифона, ҳеч яке аз номзадҳои мо дар ҳавзаҳои якмандатӣ ғолиб эълон нашудааст”.

Ӯ интихоботи парлумонии якуми мартро ғайришаффоф хонда, раванди баргузории онро “золимона” арзёбӣ кард: “Бар асоси гузориш ва хабарҳои додаи нозирони мо ба хулосае омадем, ки интихобот шаффоф набуд”.

Ҷаноби Орзӯ мегӯяд, дар аксари ҳавзаҳои интихоботӣ ҳангоми шумориши оро нозирони ҲНИТ-ро аз дарҳо берун кардаанд. Ҳарчанд натиҷаи аввалия ва расмии интихоботи парлумонии якуми марти соли равон аз сӯи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон нашудааст, вале баъзе аз номзадҳои пешбаришуда аз ҳавзаҳои якмандатӣ, аз ҷумла Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ва номзади ин ҳизб аз ҳавзаи 34 - Фархор худро пирӯз эълон кардаанд.
Мӯҳр
муосир
тибрик мекунем

Шуҳрат
Дар интихобот ба ҷуз қуттии варақаандози ягон шаффофият дида намешавад.

безеб
Шумо бояд хатман ба кумаки шайх Темур ва муллои кирмак мешитофтед, мардум кайхо боз аз шумо дилбазан шудааст!!!маглубият табрик !!

рухафтода нашаведу оянадаро фикр кунед, мо ба шумоен умед дорем.Ба пеш ба куллахои баланд.

Хакикат
Чои ранчиш нест ХНИТ аъзохои Шумо кисмаш бо чиноят паси панчара шуду кисми дигараш дар Сурияву Ирок мечагандад хамчун терарист. Дигар ба Шумо, ки овоз метад...Ба Шумо дар фасли бахор истирохати хуб тамано дорам чаноби Кабири ман фикр кардам, ки аз вохури бо мардум баргашта номзадиятро мегири натичааш маълум буд хайронам барои чи нагирифти.. Озодагон дар асл минбари озоди намедонам аз чи бошад фикри бандаро руи чоп намиёри вактхои охир.. Бахар хол банда доимо бо сомонаи Шумоаст..

Рустам
Маълум шуд, ки хамин нахзат дар чомеаит мо лозим нест. Аз хукумат илтичо мекунем, ки онро бандад. То ки дигар аз номи исломи мусулмонон гап назанад.

said
kani xudo va rasuli nayrangbozi shumo kani xudoi shumo ki ba shumo yori dihad,

беном
1,5 фоиз маънои он ки ин хизб дигар ба касе лозим нест....

хамватан
Дар муддати фаъолияти худ ҲНИТ чӣ корҳоро ба анҷом расонд, ки ба манфиати пешрафти иқтисодии давлат бошад?
Баръакс, дар зери ин ҳизб душманони миллат ҷавонони соддаву гумроҳро фирефта карда ба ҷангҳои бемаънии давлатҳои бегона сафарбар мекунанд. Оё дини ислом ба ин иҷозат медиҳад? Ҷиҳод мегӯянду бо пардохти маблағ ба ҷанг равон мекунанд, магар ин доғдор сохтани ислом нест?
Ҳама ҷо пур аз масҷидҳои панҷвақта ва ҷумахонӣ. Ба замми ин масҷиди калонтарин дар қитъаи Осиё дар маркази пойтахт сохта шуда истодааст. Дар баробари пешрафти дин, инчунин тамоми соҳаҳои дигар, чӣ иқтисодиву иҷтимоӣ, чӣ фарҳангу маориф ва таъмин кардани фазои сулҳу субот дар кишвари азизамон баръало дида мешавад.
Модом, ки ин қадар неъмат Худованд ба мо ато кардааст, чӣ озодӣ, чӣ пешрафт, чӣ лабхандаи модарону хоҳарон, чӣ оромии падарон чӣ зарурат ҳаст бар ҲНИ. Оё ҲНИ чӣ карда метавонад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)