Пирӯзии Фелалиев дар Хоруғ: Шерзамонов дар ҷои дуюм
Акрамшо Фелалиев, номзади Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба парлумон аз ҳавзаи якмандатаи рақами 41, “Хоруғ” бо 69 дарсади овозҳо бар рақибонаш пирӯз шудааст.
Алим Шерзамонов, номзад ба вакили Маҷлсиси намояндагон аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин ҳавза дар ҷои дуюм қарор дорад. Овозҳои гирифтаи ӯ 17 фисад гуфта мешавад. Дар маҷмӯъ дар ҳавзаии якмандатаи Хоруғ панҷ номзад - Акрамшо Фелалиев вакили парлумони пешӣ аз ҲХДТ, Абдуласан Мамадасанов, мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи ҳукумати ноҳияи Шуғнон аз ҲАТ, Сайёрамо Замирова, муовини раиси ноҳияи Ишкошим ба тариқи худпешбарӣ, Алим Шерзамонов, раиси кумитаи иҷроияи ҲСДТ дар Бадахшон аз ҲСДТ ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афзун Қурбонзода сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди президент аз ҲИИТ барои курсии парлумонӣ рақобат мекарданд.
Ҷаноби Шерзамонов дар мавриди раванди интихоботи парлумонии 1 март дар ҳавзаи Хоруғ ба “Озодагон” гуфт, ин интихобот аз интихоботҳои пештара ноодилонатар гузашт ва фишор аз ҷониби мақомоти қудратӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ болои интихобкунанда ва участкаву ҳавзаҳо хеле шаддид буд: “Мардумро нагузоштанд, ки раъйи худро ба ҷонибдории номзадаш муайян кунад, боварӣ надоштам то ин дараҷа ноадолатӣ мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |