Пирӯзии Салимзода ва бехабарии Абдуҳалим Ғаффоров аз мағлубият
Олимҷон Салимзода, вакили пешини парлумон ва номзад аз ҲХДТ дар ҳавзаи якмандатии №22, ноҳияи Айнӣ барандаи интихобот эълон шудааст.
Оқои Салимзода дар суҳбат ба ozodagon.tj гуфт, масъулини ҳавзаи интихоботӣ ба ӯ тамос гирифта, гуфтаанд, бо дарёфти бештари раъйи интихобкунандаҳо пирӯз шудааст. Дар ҳамин ҳол, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва яке аз рақибони Олим Салимзода мегӯяд, дар мавриди натоиҷи овоздиҳӣ иттилое надорад ва ҳоло барои дарёфти маълумот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ меравад.
Олимҷон Салимзода дар интихоботи парлумонии соли 2010 низ аз ҳамин ҳавза вакил интихоб шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |