Омбудсмен: Интихобот шаффофу демократӣ гузашт
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен интихоботи баргузоршудаи рӯзи якуми мартро мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ ва озод арзёбӣ кардааст.
Дафтари омбудсмен мегӯяд, Зариф Ализода рӯзи гузашта ба участкаҳои интихоботии №1; 8; 4; 12; 13 ва 31-и ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Синои пойтахт ҳозир шуда, бо раванди баргузории интихобот шиносоӣ пайдо кардааст. Ба иттилои манбаъ, зимни боздид маълум гардидидааст, кор дар ин участкаҳои интихоботӣ бо назардошти меъёрҳои интихоботи демократӣ ва озод роҳандозӣ шудааст: “Шаҳрвандон бо истифода аз ҳуқуқуқҳои худ дар раванди баргузории интихобот фаъолона иштирок намудаанд”.
Манбаъ мегӯяд, Зариф Ализода зимни суҳбат бо масъулини участкаҳои интихоботӣ ва нозирони милливу байналмилалӣ, ки ҷараёни интихоботро назорат мекарданд, масъалаи кори участкаҳо, муҳайё намудани шароит барои нозирон ва намояндагони васоити ахбори оммаро матраҳ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |