Миннатдории Кабирӣ аз тасмим ахири Рамазон Раҳимзода
Қудратулло Ғуломов, мушовири калони Дастгоҳи вазири умури дохилии Тоҷикистон дар пайи шикояти зиёди пайравони Ҳизби наҳзати исломии кишвар аз фишору таҳдидҳо дар арафаи интихобот бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мулоқот кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, вохӯрии Ғуломов бо Кабирӣ бо дастури вижаи Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар дар мавриди мулоқот бо раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар дар арафаи интихобот сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо Ғуломов аз фаъолияти бархе кормандони шӯъбаҳои умури дохилӣ дар баъзе навоҳии кишвар, аз ҷумла ноҳияи Шаҳритуз, Кумсангир ва Файзобод шикоят кардааст, ки ба навиштаи дафтари матбуотии ВУД фавран ҳалли худро ёфтааст.
Дар идома Муҳиддин Кабирӣ аз ин дастури вижаи Раҳимзода барои мулоқот бо роҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар дар арафаи интихобот ва шунидани суханҳои онҳо истиқбол карда, миннатдорӣ баён кардааст. Дафтари матбуоти ВУД дар идома афзудааст, чунин вохӯриҳо дар асоси дастури Раҳимзода бо раҳбарони аҳзоби дигари сиёсии кишвар, аз ҷумла Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ, Саидҷаъфар Усмонов, раиси Ҳизби демократӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби сотсиалистӣ, Олим Бобоев, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунистӣ ва Абдусамадов Мунимҷон, раҳбари Дастгоҳи Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз 24 то 28 феврали соли равон баргузор шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |