Ҳалокати ронанда ва бенишон шудани як мусофир дар рудхонаи Зарафшон
Дар пайи ба дарёи Зарафшон сарозер шудани як сабукрави тамғаи “Опел” як нафар ба ҳалокат расида, як тани дигар беному нишон аст.
Як шоҳиди ҳодиса ба “Озодагон” гуфт, ин воқеа шоми рӯзи гузашта дар ҳудуди ҷамоати Варзи Манори ноҳияи Айнӣ рух додааст. “Дохили мошин се нафар қарор доштаанд. Ронанда ба ҳалокат расида, як мусофир ҳоло дар беморхонаи ноҳияи Айнӣ бистарӣ мебошад. Аммо тақдири як мусофири дигар, ки ҳамроҳ бо мошин ба дарё рафтааст, норушан аст”.
Гуфта мешавад, ҳамаи мусофирон сокинони деҳаи Зерободи ноҳияи Айнии вилояти Суғд будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |