Бахшҳо
28 фев 2015 18:47Ҳуқуқи инсон

С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

Имрӯз дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Украина ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Ҳазорҳо нафар кушта мешаванд, хуни ноҳақ мерезад. Мардум даҳшатзада шудаанд. Ҷойи таассуф аст, ки ба ин даргириҳо аз ҷониби созмони ифротии ба ном «Давлати исломӣ» шаҳрвандони кишварҳои дигар аз Аврупою Африқо, инчунин Осиёи Марказӣ ҷалб мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, феълан беш аз 200 сокини Тоҷикистон ба василаҳои гуногун вориди даргириҳо дар Сурия шуда, хабари марги чанде аз онон ҳам расидааст. Бархе аз онҳо дар наворҳои видеоии худ, ки дар ютюб ва иддае аз шабакаҳои иҷтимоию расонаҳои хабарӣ нашр кардаанд, аз шомил шуданашон ба гурӯҳҳои ифротӣ изҳори қаноатмандӣ нишон дода, ошкоро таҳдид ба амнияти миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мекунанд.
Вале «ҷиҳод»-и онон чӣ навъи ҷиҳод аст? Ҷиҳоди исломӣ, яъне чӣ? Ва Исломи ноб нисбати амалҳои қатлу куштори бераҳмонаи одамони бегуноҳ чӣ ҳукм дорад? Дар ин иртибот суҳбате дорем бо Саидҷони СОРБОНХӮҶА, муовини муфтии Тоҷикистон, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Қӯрғонтеппа

- Шахсияти як мусалмони асил, чеҳраи аслии як пайрави исломи нобро чӣ гуна тасвир мекунед?

- Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Худованд ҳар яки мову шуморо ба қудрати худаш офаридааст. Мусалмон бояд парҳезгору худотарс бошад. Ҳадиси Расулуллоҳ (с) ҳаст ба ин мазмун, ки мову шумо монанди чӯпоне ҳастем, ки дар саҳро мол мечаронад ва бегоҳ ба хонааш бармегардад. Агар хобаш бибарад, ё хунукназарӣ зоҳир кунад, ӯро ё гург медарад ё дузд мебарад. Аксари мардуми Тоҷикистон худро бандаи Худо, уммати Муҳаммади Мустафо, дӯстдори чаҳор ёри босафо шуморида, дар мазҳаби Имоми Аъзам ҳастанд. Мо – тоҷикон монанди як кабки дарием, яъне хушовоз, хушранг, хушсурат, боақл, бофаросат, аммо ҳамзамон гоҳе содалавҳу зудбовар ҳастем. Баъзан аз ин хислати мо бегонаҳо сӯйистифода мекунанд.

Вақте Расули акрам (с) нишаста буданд, дар атрофашон тамоми саҳобагон ҳозир шуданд, аз он ҷумла дар тарафи рости ӯ Салмони Форс нишаста буд. Асҳоби гиромӣ пурсиданд: «Ё Расулуллоҳ, аз ҷумлаи ҳамин наслҳо кадомеро бештар дӯст медоред?». Он ҷо араб ҳам буд, аҷам ҳам, мисриву ҳабаш низ буданд. Расули Худо гуфтанд, ки «Ман шоҳи арабам, ихтиёр дорам ба Аҷам». Яъне форсҳоро бисёр дӯст медошт паёмбарамон. Зеро мардуми форсу тоҷик бисёр шарифу ҳанифу бузург ҳастанд. Ҳақиқатҷӯ, ҳақиқатгӯ, ростқавлу поктинат ва некниятанд.

Имрӯз пайравӣ аз амри Худо ва расули акрам (с)-ро мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нишон дода истодааст. Бубинед, Сардори давлат ин қадар ба фақиру бечорагон, маъюбону маслуқон, ятимон ғамхорӣ мекунад, мӯйсафедонро ба канор мегирад, сари кампирони бесоҳибро сила мекунад, кӯдакони сағираро мебӯсад. Магар ин ҳама намунаи беҳтарини як шахсияти мусалмони комил нест?

- Назари Шумо оид ба вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон чист?

- Мардум ва кишвари мо дар солҳои 90-ум чӣ рӯзҳои сахтеро аз сар нагузаронд, вале ниҳоят ваҳдат, салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ҳоким шуд.
Ҳоло масҷидҳоямон обод аст, касе озодиҳои мардумро маҳдуд намекунад. Зиёда аз 4 ҳазор масҷид дорем дар кишвар. Теъдоди намозхонҳо афзудааст, сатҳи огаҳии динии мардум боло рафтааст. Президенти кишварамон ҳамеша аз ислом дифоъ мекунад, дар ҳар суҳбаташ, ҳар маҷлисаш суханҳое мегӯяд, ки аз Қуръон бармеояд. Касе мардумро аз намозхонӣ манъ накардааст, аммо Роҳбари давлат ҳам барҳақ мегӯяд, ки илм афзал аст. «Илм нур ва ҷаҳл зулмот аст» гуфтаанд. Тараққиёти дунё аз илм аст. Илм, ки набошад, савобу самараи масҷидро, хайру саховатро, дурустию нодурустии ҷиҳодро, ҳалолу ҳаромро фарқ кардан душвор мешавад. Бе илм одам гумроҳ аст. Танҳо дар сурати илмомӯзии ҷавонон Тоҷикистон рушд карда, ояндаи дурахшоне моро интизор хоҳад буд.

- Бобои эшон, агар, тавре Шумо мегӯед, сатҳи донишҳои динии ҷавонон боло рафтааст, пас, ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ гароиш пайдо кардани садҳо ҷавони тоҷикистониро сабаб чист? Тарбияи заифи волидон, вазъи иҷтимоӣ, поин рафтани нуфузи рӯҳониён дар миёни ҷомеа, ки ҳарфашон ба ҷавонон таъсир намекунад, ё чизи дигар?

- Дар Маснавӣ хонда будам, ки:
Азизон, иззати дунё ба мол аст,
На бар ақлу на бар ҳусну ҷамол аст.
Ҷавоне, ки надорад моли дунё,
Агар шаҳзода бошад, бекамол аст.

Пас аз ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, мутаассифона, ҷавонони бисёре ба Русия ба муҳоҷирати корӣ рафтанд. То имрӯз ҳам ин тамоюл ба чашм мерасад. Аксаран ҷавонони мо аз ин ҷо бо андешаҳои солим ва муътадил ба хориҷа барои дарёфти қути лоямут мераванд. Аммо мисолҳое ҳам ҳастанд, ки бархе аз ҷавонон фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ба онҳо мепайванданд. Аз Русия ба Туркия, аз он ҷо ба Сурияву Ироқу Покистону Афғонистон роҳ меёбанд. Бечора падару модар аз куҷо донанд, ки фарзандашон куҷост? Бархе ҷавононро чунон мағзшӯӣ мекунанд, ки дигар ҳарфи волидон барояшон беқурб мешавад.

Ҳукумат баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ 75 ҳазор гектар заминро ба мардум ҳадя дод, ки машғули кишоварзӣ шаванд ва рӯзгори худро беҳ созанд. Ҳазорон нафар ба ин васила зиндагиашонро беҳ карданд, соҳиби хонаю дар, мошин ва дигар дороиҳо шуданд. Мутаассифона, қисмате аз ин иқдоми давлат хуб истифода накарданд, камҳавсалагӣ нишон доданд. Ба умеди 1-2 ҳазор долларе, ки бо машаққати зиёд дар Русия ба даст меоранд, тарки падару модар, зану фарзандони худ мекунанд. Магар дар Ватани худ озод гаштан беҳтар нест? Сад тоҷ агар бар сарамон ниҳанд, дар ғарибиҳо ғарибем. Сад қасру заводу фабрика созем, он ҷо ба мардуми бегона мемонад. Тавре бузургон гуфтаанд:

Гадое дар Ватан шоҳу амир аст,
Амири беватан зору ҳақир аст.

Марди боҳунар дар Ватан бекор намемонад. Садҳо ҳазор ҷойи кор танҳо дар соҳаи кишоварзӣ мавҷуд аст. Замин ҳамаро мехӯронаду мепӯшонад.
Шайх Аттор мегӯяд, ки «ёри бад бадтар бувад аз мори бад». Ҷавонон бояд донанд, ки бо кӣ дӯстӣ мекунанд, ҳамкор ва ошнояшон кист. Ҳушёр бояд бошанд, то фирефтаи пулу сарвати ҳароми истихдомгарон нашаванд. Магар онҳо фикр намекунанд, ки бар ивази пул дар Сурия мусалмонро мекушанд ва муртакиби гуноҳи кабир мешаванд?

- Дар наворҳое, ки аз ҷониби чанд ҷангии тоҷик дар Сурия дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудааст, онҳо иддао мекунанд, ки ба Сурия «барои ҷиҳод» рафтаанд. Аз нигоҳи Шумо, то куҷо бардошти ин ҷавонон аз «ҷиҳоде», ки гӯё ба ҳамин хотир рафтаанд, дуруст ва комил аст?

- Ҷиҳод ду навъ аст, ҷиҳоди акбар ва ҷиҳоди асғар. Ҷиҳоди акбар ин аст, ки бояд аввал бар нафси худ ҷиҳод кунем. Худотарсу боимон бошем, дурӯғ нагӯем, ғайбату зинокорӣ накунем, сигору маводи нашъадор накашем, мардумро тарбия кунем.

Ҷиҳоди он ҷавонон ҷиҳоди исломӣ нест. Ҷиҳоди мардуми тоҷик дуруст нест, на фарз аст, на воҷиб ва на суннат. Мо ҳақ надорем, ки бесабаб сӯйи кадом кишваре, мардуме даст бардорем. Танҳо дар сурати он ки, Худо нахоста, ба кишвари мо – Тоҷикистон аз ҷониби давлате ҳамлаи мусаллаҳона ва хиёнаткорона сурат гирифт, барои пиру ҷавон фарз мешавад, ки Ватанро ҳимоят кунем. Ҷиҳод ин аст.

Мегӯянд, ки «ҷавонӣ нишонае аз девонагист». Ҷойи афсӯс аст, ки аз хунгармию саводи нокофии динии баъзе ҷавонони мо сӯйистифода карда, онҳоро ба майдонҳои ҷанг мекашанд. Оё онҳо медонанд, ки дар Сурияву Ироқ даҳҳо гурӯҳу фирқа, ҳизбу ҷараёнҳо мавҷуданд? Арабҳои мушрик, маъҷусӣ, фиръавнӣ, шиа, салафӣ, баҳоӣ, ваҳҳобӣ ва дигар ҷараёнҳое ҳастанд, ки барои ҳокими мутлақи кишвар шудан талош мекунанд. Мо ҳуқуқ надорем, ки шомили ин гуна ҳаракатҳо гардида, дар қатлу куштор ва «бозиҳо»-и онон даст дошта бошем.

Ба кадом далел он ҷавононе, ки ба иддаояшон, дар Сурия «ҷиҳод» мекунанд, ба он кишвар рафтаанд? Он кишвар муқобили дину мазҳаб, сарҳаду Ватани мо садо баланд накарда бошад, бар чӣ асос онҳо «ҷиҳод» мекунанд?! Чӣ далели илмӣ доранд? Боз тариқи радиои Озодӣ он террористон чанд дафъа баромад карда, ба рӯҳониён ва сиёсатмадорони Тоҷикистон таҳдиди қатл намуданд, ки убол аст.

Пайғамбарамон (с) дар ибтидои ислом вақте ки аз ҷиҳод баргаштанд, саҳобагонро гирди худ ҷамъ намуда, гуфтанд, ки акнун мо бояд ҷиҳоди акбар кунем. Мардум пурсиданд, ки «Ё Расулуллоҳ, ҷиҳоди акбар чист?». Гуфтанд, ки: «Тарбияи аҳлу байти худамон, раҳнамоии мардум аст ҷиҳоди акбар. Одамони нодонро бояд насиҳат ва ба некию накӯкорӣ ҳидоят кунем, илм омӯзонем. Иншоалоҳ, ин аст ҷиҳоди акбар». Мардум бояд донад, ки касеро ба корд куштан, ба тиру танку тӯп парондан , ин ҷиҳод нест. Ҷиҳоди акбарро ҳоло мо – мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти одиламон Эмомалӣ Раҳмон карда истодаем, яъне фарзандонро тарбияву таълим медиҳем, ба роҳи рост ҳидоят мекунем, сулҳу ваҳдатофарӣ мекунем.

- Шумо дар бораи гурӯҳҳо ва фирқаю ҳизбҳо суҳбат кушодед, ки боиси нооромиҳо дар Сурия шудааст. Ахиран мулло Абдураҳим, ки дар гузашта аз асосгузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, дар мусоҳибае ба ҳамин мазмун гуфт, ки дар даргириҳои беш аз 30-солаи Афғонистон ҳам маҳз ҳизбу ҳаракатҳои, ба қавли ӯ, «исломӣ» даст доранд. Дар муроҷиатномаи ахири Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳам, ки шумо муовини раиси ин Шӯро ҳастед, зикр шудааст, ки «ислом ба ҳизб ниёз надорад»…

- Бале, ин нуктаро дар маҷлиси шаҳрдории Қӯрғонтеппа ҳам зикр кардам, ки ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад. Гоҳе мушоҳида мекунем, ки ҳизбҳо ва номзадҳо аз боварии мардум ба дини мубини ислом сӯйистифода карданӣ мешаванд. Чунин шеваи кору роҳнамоӣ ба муқаррароти исломи ноб мувофиқат намекунад. Ҳар касе пайравӣ ба аҳли ҷамоат ва суннат кунад, пуштибони асили ислом бошад, ба ҳизб маҳдуд намешавад.

Як бор таърих нишон дод, ки аввали солҳои 90-ум фиреби ҷараёни наҳзатиро хӯрда, чӣ қадар бой додем. Ба умеди ҷараёни наҳзатӣ шуда, фарзандонро аз даст додем, кишвар ҷангзада шуд. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳизби сиёсӣ аст, набояд аз номи ислом сӯйистифода шавад. Мисли 7 ҳизби дигари сиёсӣ танҳо фаъолияти сиёсӣ бояд барад. Зеро, бори дигар таъкид мекунам, ки ислом ба ҳизб муҳтоҷ нест.

Мардум бояд аз барои Худо баҳо диҳад, ки кадом ҳизб дар тӯли 23 сол барои халқу Ватан хизмати шоиста анҷом доду дар барои пешрафти ҷамъият ҳиссагузор буд. Мардум ҳам бояд андеша кунанд, ки кадоме аз ҳамин 8 ҳизби амалкунанда саҳми бештаре дар рушди Тоҷикистон гузоштааст ва ба ҷонибдории он дар интихобот овоз диҳанд.

- Оё Шумо ҳам тасмим гирифтед, ки дар интихоботи парлумонӣ ба ҷонибдории кадом ҳизби сиёсӣ раъй медиҳед?

- Ман як овоз дорам. Барои худ муайян кардаам, ки ба кӣ овоз хоҳам дод. Аз ҳизбе ном намебарам. Аммо мард барин мегӯям, ки ба ҳизбе овоз медиҳам, ки парҳезкор, созанда, хизматгори халқ буда, фитнаангез нест.

- Мушкили дигар ин аст, ки бар асари буҳрони шадиди иқтисодӣ дар Русия имкон дорад ҳазорҳо ҷавон аз кишвари муҳоҷират баргарданд. Албатта, тибқи маълумоти прокуратура, баъзе гурӯҳҳои истихдомгар ҳам аз чунин ранг гирифтани вазъ дар Русия ба манфиати худ истифода карда, ҷавононро ба гумроҳӣ мебаранду ба сафи худ ҷалб мекунанд. Коршиносон ҳам бар инанд, ки бо баргаштани муҳоҷирони корӣ онҳо бояд бо шуғл таъмин шаванд, чун бекорӣ сабаби сар задани ҷиноятҳо, муноқишаҳои оилавӣ ва мисли ин проблемаҳо мегардад. Роҳи ҳалли ҷилавгирӣ аз ин мушкилро дар чӣ мебинед?

- Фарҳанги баланди ҳамзистӣ, таҳаммулпазириро бояд таблиғ кунем. Агар мо рафтору кирдорҳои Расули акрам (с)-ро пеша кунем, ҳидоятҳои Роҳбари давлатро амалӣ намоем, зиндагиамон беҳ мешавад. Ҷавонон бояд ба Ватан баргарданд, то дастобадаст шуда, дар бунёди нерӯгоҳҳо, нақбҳо, обёрии заминҳо, бунёди корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ саҳм бигирем. Имрӯз давлат ба соҳибкорон ҳам барои рушди тиҷораташон кӯмак мекунад. Шароити кор, имтиёзҳои давлатӣ фароҳам шудаанд, то мардум сатҳи рӯзгордории худро беҳбуд бахшад. Бояд дар заминҳои наздиҳавлигӣ, майдонҳои кишт кор кунем, то истеҳсоли маводи ғизоӣ афзунтар шавад. Мардум, ки андармони кор, таҳсил, ҳунарофарӣ бошад, кишвар ҳам пеш мераваду сатҳи камбизоатӣ ҳам поин. Барои муваффақ шудан ба зиндагии шоиста бояд дар гирди Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавем. Ба мардум, хосатан ҷавонон ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдату рафоқатро омӯзем, дар тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошем.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Бояд мо – тоҷикон аз ин панд бигирем.

Дуо мекунем, ки дар тамоми ҷаҳон сулҳу салоҳ бошад, бахусус дар Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳои ҷангзада ҳам мардум тифоқ шаванд, ҳамдигарбахшӣ кунанд ва чун мардуми Тоҷикистон дар фазои дӯстию якдигарфаҳмӣ зиндагии шоиста дошта бошанд.

Суҳбаторо Носирҷон МАЪМУРЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)