(САДО) Шаҳрдори Хуҷанд: Шаффофият таъмин аст
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд аз раванди баргузории интихобот дар маркази вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ карда, мегӯяд, он шаффоф ҷараён дорад.
Оқои Аҳмадзода дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар тамоми нуқтаҳои раъйдиҳии шаҳр шаффофияти интихобот таъмин аст. Ӯ мегӯяд, аз чанд участкаи интихоботӣ дидан карда, шоҳиди он шуд ки дар қиёс ба интихоботи соли 2010 мардум фаъолтар ҳастанд: “Мардум ба интихобот боварии калон дорад. Соати 12:00 маълумот гирифтам 70,6 дарсади мардум овоз додаанд”.
Аз ин пештар Маҳмудҷон Дадобоев, масъули дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, “дар шаҳри Хуҷанд 98 ҳазору 720 интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки 1922 нафари онҳо бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд”.
Ба гуфтаи оқои Дадобоев, сокинони маркази вилоят 40 нафарро ба маҷлиси шаҳрӣ, 7 нафарро барои вакилии маҷлиси вилоятӣ ва 1 нафарро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ интихоб хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |