КМИР: Иштироки 48, 5 дар сади мардум дар интихобот (НАВШУДА)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) ҳамин ҳоло раванди иштироки мардум дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳалии халқро эълон намуд.
Хабарнигори “Озодагон” бо такя ба иттилои КМИР мегӯяд, дар шаш соати ахир, 48, 5 дарсади интихобкунандаҳо пойи сандуқҳои раъй омадаанд: “Кумиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар соати 9-и имрӯз иттилоъ дода буд, дар се соати аввали интихоботи парлумонӣ (аз соати 6 то 9) 31 дарсади раъйдиҳандаҳо ба пойи сандуқҳои раъй омадаанд”.
Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи КМИРТ, рӯзи якшанбеи 1 март гуфт, “ҷамъи умумии овоздиҳандаҳо дар муддати се соати аввал - 1 миллиону 350 ҳазору 359 нафарро ташкил дод ва ин рақам нисбат ба интихоботҳои пешини парлумониву раёсати ҷумҳурӣ бештар аст".
Ҷаноби Додозода ба хабарнигори ozodagon.tj гуфт, соатҳои 15:00 ва 18:00 дар мавриди теъдоди интихобкунандаҳое, ки дар раъйдиҳӣ иштирок кардаанд, маълумот хоҳанд дод: "Баъзе шикоятҳо низ ба мо расидаанд, ки онҳоро баррасӣ хоҳем кард".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |