Маҳдудияти хизматрасониҳои мобилӣ дар рӯзи интихобот
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи парлумонии кишвар хидматрасонии ирсолу қабули SMS ё худ паёмакро қатъ кардаанд.
Муштариёни аксари ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, аз ҷумла “Тселл” ва “Мегафон” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, аз шоми 28 феврал ба ин сӯ наметавонанд, ба ҳамдигар SMS бифиристанд.
Дар “Тселл” - калонтарин ширкати мобилии Тоҷикистон, ки 35 дарсади бозорро фаро гирифтааст, ба “Озодагон” сабаби қатъи хидматрасонии SMS-ро омилҳои техникӣ гуфтанд. Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, қатъи хизматрасонии SMS метавонад, то бегоҳи имрӯз,1 март идома ёбад.
Қатъи иртиботи муштариёни ширкатҳои мобилӣ бо ҳамдигар тавассути SMS дар ҳолест, ки имрӯз 1 март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |