(АКСУ ВИДЕО) Шодӣ Шабдолов: Дар интихоботи шаффоф ҳеч ҳизбе 90% овоз намегирад
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳеч интихоботи озод ва шаффоф ҳизбе ба дарёфти 90 дарсади раъйи мардум муваффақ намешавад.
Оқои Шабдолов, ки дар ҳавзаи №48-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пойи сандуқи райъ омад, дар суҳбат ба ozodagon.tj гуфт, танҳо дар сурати тақаллуб як ҳизб метавонад овозҳои зиёдеро соҳиб гардад: “Ягон ҳизб 90 ё 80 дарсад овоз гирифта наметавонад, фақат бо роҳи тақаллуб чунин чиз имконпазир аст. Ҳизбҳои сиёсӣ мутаносибан бо он пешниҳодҳое, ки дар барномаи пешазинтихоботиашон дарҷ гардидааст, интихоб мешаванд ва ҳизби мо ҳам интихоб хоҳад шуд”.
Ӯ изҳори умед кард, дар парлумони оянда фраксияҳои гуногун ба миён меоянд ва он танҳо аз як фраксияи ҲХДТ иборат нахоҳад буд: “Фраксияҳо ҳеч гоҳ душмани давлат нестанд. Инҳо бар зидди Қонуни асосӣ кор карда наметавонанд ва ҳақ ҳам надоранд. Чунки барҳам медиҳанд. Инҳо дар ҳамкорӣ лоиҳаи қонунҳое, ки пешниҳод мешавад, дурустар муҳокима мекунанд. Ягон мушкиле дар Тоҷикистон нест, ки ҳалнашаванда бошад. Ҳамаи мушкилот ҳалшаванда аст. Фақат як чиз ҳаст, ки натиҷаи интихобот бояд фазои сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон фароҳам биёварад, ки мамлакати ҷангзадаи мо аз ин бало халос шавад ва ин фазои сулҳу салоҳ на фақат таъсираш ба ҷамъияти мо мусбат тамом хоҳад шуд”.
Бар пояи иттилои расмӣ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2010, 7,06 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуд ва ду намояндааш ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |