Ҳалокати 3 “ҷиҳодӣ” аз Бохтар дар ҷангҳои Сурия
Орзуи КАРИМ
Масъулони ҳукумати ноҳияи Бохтар дар вилояти Хатлон аз ҳалокати се "ҷиҳодӣ"-и ин ноҳия дар ҷангҳои Сурия хабар доданд. Ҷаббори Ғаффор -- раиси ноҳияи Бохтар, рӯзи 25 феврал дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло панҷ сокини дигари ноҳия дар ҷабҳаҳои ҷанг дар Сурияву Ироқ ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ноҳияи Бохтар гуфта буданд, аз ин ноҳия танҳо 3 ҷавон барои “ҷиҳод” ба Сурия рафтаанду бас. Ҷаббори Ғаффор афзуд, ҳукумати ноҳияи Бохтар мехоҳад, то сокинонашро аз Сурия ба ватан баргардонад, аммо ба қавли ӯ, ҳоло ин имконро надорад.
Ҳафтаи гузашта раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Хатлон эълон кард, дар ҳоли ҳозир дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон 45 сокини ин минтақа иштирок доранд. Шаҳзод Раҳимов, як масъули раёсат, гуфт, ҳоло алайҳи ин афрод парванда боз шудааст ва афзуд, то кунун чор нафари онҳо дар ҷангҳои Сурия ҷони худро аз даст додаанд.
Аз ин пештар, додситонии Хатлон гуфта буд, теъдоди ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон аз ин минтақа иштирок доранд, ба 31 нафар мерасад. Шаҳзод Раҳимов гуфт, ҳоло бо дастури ҳукумати маҳаллӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротгароии ҷавонон ва ҷинояткори онҳо бо мардум суҳбат анҷом медиҳанд. Вале афзуд ӯ, танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ 102 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ҷиноят зиёдтар мебошад.
Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз ин кишвар дар Сурияву Ироқро то 300 нафар тахмин мезананд ва мегӯянд, то имрӯз то 60 тоҷик дар ин ҷангҳои бегона дар Ховари Миёна ҷон бохтаанд. Аммо худи ин ҷангиён шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷангҳои бегона дар як сарзамини аз Ватани онҳо беш аз 4000 километр дурро ба камияш 1000 нафар мегӯянд ва иддао доранд, бо таъмини пирӯзии “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ маҳдуд шуданӣ нестанд, балки ҳадафи онҳо эҳёи “хилофати исломӣ” дар саросари дунё, аз ҷумла дар Осиёи Марказист.
Зимнан тамоми ин минтақа дар харитаи ин созмони ифротӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрону Афғонистон ва Покистону Ҳинд ҳамчун як бахши вилояти “Хуросон” тасвир шудааст.
Мақомоти тоҷик афзоиши шумори тоҷикон дар созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдид ба амнияти кишвар медонанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |