Мулоқоти Убайдуллоев бо ҳайати нозирони парлумони Аврупо ва ИДМ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олии Тоҷикистон имрӯз, 28 феврал бо ҳайати нозирони байналмилалӣ аз парлумони Аврупоро ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил мулоқот кардааст.
Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ ба “Озодагон” гуфт, дар дидор бо ҳайати парлумони Аврупоро, ки таҳти сарварии Норберт Нойзер ба Тоҷикистон омадаанд, Маҳмадсаид Убайдуллоев сашми Иттиҳоди Аврупо ва парлумони онро дар татбиқи барномаҳои муштараки байнипарлумонӣ ва давлатӣ, ки ба гуфтаи ӯ тақвияти тоза касб кардаанд, махсус таъкид намудааст: “Дар зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев ба саволҳои ҳайати нозирони байналмилалӣ, ки фарогири мавзуъҳои марбут ба интихоботи пешорӯ, институти қонунгузории кишвар, амнияти минтақаву Афғонистон ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобила бо Иттиҳод ва парлумони Аврупо буданд, посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дод”.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот бо ҳайати нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки онро Наумович Андрей Николаевич, раиси Комиссияи доимии палатаи намоядагони Маҷлиси миллии Белорусия раҳбарӣ мекунад, “Маҳмадсаид Убайдуллоев ба фаъолияти ҳар кадоми онҳо дар иҷрои миссияи нозириашон дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ муваффақиятҳо орзу намуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |