Қатли Немтсов: Супориши Путин, изҳороти Амрико, талаби мухолифин, фарзияи қатли фармоишӣ (АКС)
Владимир Путин ба Кумитаи тафтишот, ВКД ва Хадамоти амнияти федеролӣ супориш додааст, тафтиши қазияи қатли Борис Немтсовро таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд.
Куштори Немтсовро сухангӯи Кремлин аз забони Путин чунин тафсир кардааст: “Путин бар ин назар аст, ки ин куштори ваҳшиёна тамоми нишонаҳои супоришӣ буданро дошта, хусусияти иғвоангезӣ дорад”. Путин ба мақомоти тафтишотӣ супориш додааст, аз ҷузъёти ин ҳодиса, ки дар рафти тафтиш маълум мешавад ба ӯ фавран иттилоъ бидиҳанд. Дар ҳамин ҳол, маъмурияти президенти Амрико бо нашри изҳороте қатли Немтсовро маҳкум кардааст: “Иёлоти Муттаҳида қатли ваҳшиёнаи Борис Немтсовро маҳкум намуда, аз ҳукумати Русия даъват мекунад, дар мавриди ин куштор тафтишоти зудҳангом, бетарафонаву боз доир намояд ва шароите таъмин намояд, то мутаҳҳамони ин куштори ваҳшиёна ба додгустарӣ супурда шаванд”.
Борис Немтсов, сиёсатмадор ва аз мухолифони сарсахти Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия шаби 27 ба 28 феврал дар маркази шаҳри Маскав ва дар рӯбарӯи Кремл кушта шудааст. Борис Немтсов ҳамраиси ҳизби “РПР-Парнас”, намояндаи маҷлиси вилояти Ярослави Русия буд. Яке аз ташкилкунандаҳои намоиши эътирозе, ки мебоист 1 март дар Маскав доир шавад, Немтсов гуфта мешуд.
ВКД Русия гуфтааст, барои дастгир кардани омилони ин ҷиноят дар Маскав нақшаи “Роҳгирӣ” роҳандозӣ намудааст. Ин ниҳод гуфтааст, тирандоз дар автомобили рангаш сафед ва тамғааш маълум аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Гуфта мешавад, Борис Немтсов замоне мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ки ҳамроҳи яке аз шиносҳояш, ки аз Украина омада буд, сайругашт мекардааст. Ба тарафи ӯ 7-8 тир шилик шудааст.
Намояндаҳои оппозитсиюни Русия қатли Немтсовро як куштори сиёсӣ унвон кардаанд. "Немтсовро танҳо барои таҳқиқоте бояд мекуштанд, ки ба Укроин ва иштироки неруҳои Русия дар бесуботӣ дар ин кишвар бастагӣ доштанд”,-гуфтааст Иля Яшин, яке аз дӯстони Немтсов. Андрей Пивоваров, ҳамраиси созмони петербургии “РПР-Паранас” ҳам изҳорот додааст, ки “ягона ҳадафе, ки ба дунбол доранд ин тарсондан, саркӯб кардани тазоҳурот ва нишон додани ин ки барои чунин мавқеи оштинопазир қасос гирифта мешавад”.
Кумитаи тафтишотии Русия, ки аз рӯйи ин ҳодиса бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст, гуфтааст, онҳо дар мавриди қатли Немтсов тамоми фарзияҳоро баррасӣ мекунанд ва аз ҷумла фармоишӣ будани ин куштор низ истисно нест.
Думаи Русия ҳам қатли Немтсовро маҳкум намуда, изҳорот додааст, “мо раванди тафтишро ҳамеша дунболагирӣ мекунем”.
Борис Немтсов 55 сол дошт ва гуфта мешавад, аз ӯ модари 87-сола ва 4 духтар боқӣ монд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |