Боздошти Тошеваҳо бо иттиҳоми хариду фурӯши одамон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду зане хабар дод, ки дар хариду фурӯши одамон гумонбар мешаванд.
Ин ниҳод аз гумонбарон Нодира ва Шоира Тошеваҳо ном бурда, онҳоро сокинони ноҳияи Турсунзода гуфтааст. Аз ВУД ба “Озодагон” гуфтанд, ин ду нафар, ки яке 32 ва дигарӣ 34 сол доранд, бо ҳам робитаи хешутаборӣ доштаанд. “Муайян карда шуд, онҳо бо маслиҳати пешакӣ моҳи апрели соли 2014, бо роҳи фиреб шаҳрванд Ю.Ш. соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Шаҳринавро ба шаҳри Истамбули Туркия бурда, барои фаъолияти фоҳишагарӣ ба зани номаълум бо номи “Фарида”, миллаташ озарбойҷон, мефурӯшанд. “Фарида” Ю.Ш.-ро бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ аз моҳи апрел то декабри соли 2014 истифода намудааст”,-мегӯяд манбаъ.
Сарчашмаи хабар афзуд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |