Даъвати сафир аз донишҷӯёни тоҷики муқими Бишкек
Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон бо донишҷӯёни тоҷики муқими шаҳр Бишкек мулоқот кардааст.
Ин вохӯрӣ аз 26 то 27 феврали соли равон дар Донишгоҳи Манаси Қирғизистону Туркия ва Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия баргузор шудааст. Дар ин мулоқот ҷаноби Раҳимов ба донишҷӯёни тоҷик аз равобити Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси манофеи мардуми ду кишвар ва ҳамсоядории нек поягузорӣ шудааст, ёдовар шуда, аз донишомӯзон даъват кардааст, ба таҳсили худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ намуда, ҳамчун як кадри ҳирфаии соҳиби диплом ба Ватан баргарданд.
Инчунин сафири Тоҷикистон дар Бишкек аз донишҷӯёни муқими ин кишвар хоҳиш кардааст, рӯзи 1 марти соли равон дар интихоботи парлумонии кишвари худ фаъолона иштирок ва раъйи худро дар ҳавзаи ташкилкардаи сафорат ба номзадҳои арзанда бидиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |