Душанбе, 31 Марта 2025
Суҳбати Аслов бо раҳбари нозирони ИДМ дар бораи интихобот
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки раҳбарии нозирони ин иттиҳод дар интихоботи парлумонии 1 марти Тоҷикистонро баруҳда дорад, мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, ин вохурӣ рӯзи 27 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону ИДМ баррасӣ шудааст.
Инчунин ҷонибҳо дар робита ба омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо мубодилаи афкор кардаанд.
Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, дар вохурии Аслов Лебедев вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳошияи Иттиҳод низ муҳокима шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |