КМИР дар Тоҷикистон "Рӯзи хомӯшӣ" эълон кард
Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон намуд, ки як рӯз пеш аз интихоботи парлумонӣ, аз соати 00:00-и 28-уми феврал дар Тоҷикистон "Рӯзи хомӯшӣ" оғоз мешавад.
Абдулманон Додозода, раҳбари дастгоҳи КМИР ба “Озодагон” иттилоъ дод, баъд аз соати 00:00, яъне 12-и нимашаби 28 феврал дар қаламрави кишвар ҳама гуна таблиғот, барномаҳои ташвиқотии радиоӣ ва телевизионӣ ва ҳамчунин паҳн намудани онҳо дар ВАО манъ хоҳад шуд.
Додозода афзуд, санаи 1 марти рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва дар назар аст, рӯзи душанбе натиҷаҳои аввалияи он эълон гарданд. Бино ба иттилои КМИР, тибқи қонунгузорӣ дар бораи интихобот ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгии номзадҳо оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |