Эълони Бонки Миллӣ: Харидуфурӯши мол бо $ ҷиноят аст

Бонки Миллии Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар дар бораи асъор таъкид намудааст, ки харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бо доллар ва дигар асъор дар кишвар, ки феълан васеъ паҳн шудааст, ғайриқонунӣ мебошад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд.
Ин ниҳод имрӯз, 27-уми феврал бо пахши як иттилоия гуфтааст, “мушкилот аслан дар муносибати фориғболона ва дарк накардани масъулият аз тарафи ҳарду ҷониби муомилот –фурӯшанда ва харидор аст. Мутаассифона, имрӯзҳо баъзан бо асъори хориҷӣ муқаррар кардан, гуфтан, таблиғ кардани нархи молу мавод, хизматрасонӣ ва ҳамчун воситаи пардохт пешниҳод кардани асъори хориҷӣ аз ҷониби иштирокчиёни хариду фурӯши амвол ва хизматрасонӣ ҷой дорад. Гарчанде ин амал бар хилофи қонун аст ва муҷозоти сангин дорад”.
Бонки Миллӣ мегӯяд, назорати риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии танзими асъор, аз ҷумла истифодаи асъори хориҷӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура ва андоз вогузор карда шудааст: “Дар пайи санҷишҳои ниҳодҳои дахлдори Бонки Миллӣ низ дар муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои мобилӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар муассисаҳои хизматрасонию савдо нархномаҳои ширкатҳои мобилӣ, шартномаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, чиптаҳои ҳавопаймоҳо ва дар аксари нуқтаҳои савдои чаканаи молу мавод танҳо бо пули миллӣ муқаррар ва таблиғ карда мешаванд”.
Тибқи иттилоияи Бонки Миллӣ нархгузории амволи гаронарзиш, аз қабили хонаю мошинҳо бо сомонӣ наметавонад омили баландшавии нархҳо ва сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ буда наметавонад: “Барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ бе иҷозати махсус дар қаламрави ҷумҳурӣ қонунвайронкунии маҳз буда, бояд аз ҷониби тамоми мақомоти ваколатдор қатъиян манъ ва пешгирӣ карда шавад.
Ин ниҳоди назораткунанда илова намудааст, ки хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ танҳо бо иҷозатномаи махсус метавонад анҷом дода шавад: “Имрӯз дар ҷумҳурӣ танҳо якчанд идораю корхонаҳо чунин иҷозатнома доранд ва хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд. Хизматрасонии консулӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии ш.Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ, аз ҷумлаи онҳоянд”.
Бонки Миллӣ афзудааст, ки дигар ягон муассисаи тиҷоратӣ ё савдои яклухту чакана барои фурӯши мол, кору хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ иҷозатнома надорад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо сомонӣ роҳандозӣ шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |