Вазорати дохилӣ: Аз вазири фарҳанги Қазоқистон узр хостем
Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз Алмамбет Анапияев, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон ба хотири қарор гирифтани аксаш миёни афроди дар ҷустуҷӯбуда узрхоҳӣ кардааст.
Бакит Сеитов, сухангӯи ВУД-и Қирғизистон дар суҳбат бо бахши русии “Озодагон” гуфт, ин кор аз нофаҳмӣ сурат гирифтааст, вале дастандаркорон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.
Қаблан дар Интернет навори видеоие роҳ ёфта, аз рафти бозпурсии шоҳидон дар қазияи кушторе ҳикоят мекард. Кормандони пулис дар ин навор ба нафари шоҳид се аксеро барои муайян кардани қотил пешниҳод мекунанд, ки яке аз онҳо акси вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон мебошад.
Сухангӯи Вазорати умури дохилии Қирғизистон қарор гирифтани акси вазири фарҳанги Қазоқистон миёни афроди дар ҷустуҷӯбударо тасодуфӣ унвон карда, гуфт, “ин маънои онро надорад, ки вазири фарҳанги Қазоқистон дар пайгарди қонуни Вазорати умури дохилии Қирғизистон қарор дорад. Албатта ин як ҳолати тасодуфӣ мебошад ва ин гуна ҳолатҳо мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |